(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар микроноҳияи 14-15-уми маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд ҷамъомад оид ба расми кушоди лавҳаи хотиравӣ ва номгузорӣ намудани яке аз кўчаи номнадошта ба номи Ашўров Дадоҷон Турсунович баргузор гардид.

Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки пос доштани хотираи арбобони давлатӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ, ходимони илм, маориф, фарҳанг ва муҳофизони Ватан ба ҳукми анъана даромадааст. Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, соли сипаригардидаистода соли таърихӣ, ҷашни 30-солагии Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон ва 79-умин солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошад. Бахшида ба ин соли ҷашнӣ номгузории яке аз кўчаи номнадоштаи микроноҳияи 14-15-уми маҳаллаи Мевағул ва пардабардорӣ аз лавҳаи ёдбуди шахси накўном Иштирокчии 16-умин иҷлосияи Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашўров Дадоҷон Турсунович, дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии шаҳру вилоят рўйдоди воқеан хотирмон мебошад.
Зикр гардид, ки тибқи дархости аҳли оила ва пайвандони марҳум ва дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 10-уми марти соли 2024, таҳти №222 оид ба гузоштани лавҳаи хотиравӣ ва номгузорӣ намудани номи яке аз кўчаи номнадоштаи микроноҳияи 14-15-уми шаҳри Хуҷанд ба номи Ашӯров Дадоҷон Турсунович ба тавсиб расид.
Иттилоъ дода шуд, ки Ашўров Дадоҷон 6-уми майи соли 1939 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик буда соли 1964 Донишкадаи политехники Тоҷикистонро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси устои омўзиши касбҳои техникии №5-уми шаҳри Душанбе оғоз намуда, солҳои 1965-1971 дар вазифаҳои усто, прораб, прораби калони СМУ №8 ва СПМК №19 трести Тоҷикгидростройи Вазорати хоҷагии оби Тоҷикистон , солҳои 1971-1972 инструктори шуъбаи сохтмонии кумитаи партиявии вилояти Суғд, аз соли 1972 то соли 1974 дар вазифаи ҷонишини трести Тоҷикселинстрой, аз соли 1976 то соли 1977 ҳамчун сардори иттиҳодияи Тоҷиксовхозстрой, аз соли 1977 то соли 1979 роҳбари трести Гидростройи Глодностепстрой ва Ҷиззахстепстрой ва соли 1979 ба вазифаи директори Маъмурияти корхонаҳои бунёдшавандаи №6, Трести Главсредазирсов-хозстрой таъин гардидааст. Солҳои 1983 то соли 1985 ҳангоми сафари хизматӣ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия ба ҳайси роҳбари муттахасисони назорати техникӣ, аз моҳи феврали соли 1985 то моҳи октябри соли 1985 ба ҳайси ҷонишини роҳбари трести Ирмонтажстрой, Гравсредазирсовхозстрой дар минтақаи Тоҷикистон ва аз соли 1985 то соли 1996 сардори Идораи сохтмони асосии комиҷроии вилояти Суғд фаъолият доштааст.
Барои иштироки фаъолона дар корҳои ташкиливу техникӣ ва пеш аз муҳлат сохтани истгоҳи обкашии Янтоқ соли 1976 бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва соли 1999 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Шараф сарфароз гардонида шудааст. Якчанд маротиба вакили халқии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ интихоб гардида иштирокчии Иҷлосияи таърихии 16-умин Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ашўров Дадоҷон Турсунович соли 2001 дар синни 62 солагиаш вафот кардааст.
Дар бораи кору пайкори Дадоҷон Ашӯров, ҳамсабақи марҳум, Ходими ҷамъиятию давлатӣ, Биҳоҷал Раҳимова низ суханронӣ намуд.
Аз номи пайвандон фарзанди Дадоҷон Ашўров –Давронҷон Ашўров ва хоҳари марҳум Дилбар Турсунова баромад намуда, барои чунин ғамхорӣ ба Давлату Ҳукумат миннатдорӣ намуд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ аз рўи лавҳаи ёдгорӣ парда бардошта шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...