(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрўз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов ва фаъолон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи ҷамъбастии нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2024 баргузор гардид.

Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи фаъолонро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар 3 моҳи аввали соли 2024 баррасӣ гардида, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муайян карда мешаванд.
Сипас, Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар ин давра маълумоти муфассал дода аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифату саривақтии дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеоянд, инчунин супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомада имкон дод, ки дар ин давра 7 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 95 адад ҷойи корӣ, бо ҷалби 33,4 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 271 адад расонида шуд. Илова бар ин, ин нишондиҳанда ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсолгардидаистода дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, барои тақвият ёфтани соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ саҳми босазо гузошта истодааст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 447 миллиону 461,1 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 78,5 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, аз ин миқдор 71,2 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст. Ин нишондиҳанда барои рушду такомули ин соҳаи реалии иқтисодиёт заминаи устувор гузошта истодааст.
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 106 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 185,2 млн. сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 9,1 млн. сомонӣ ё 5,2 банди фоизӣ зиёд гаштааст.
Илова бар ин, қайд кардан бамаврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд маҳсулот истеҳсол карда, теъдоди онҳо ба 182 адад расидааст.
Дар масъалаҳои шуғлнокии ин соҳа низ пешравиҳо ба назар расида, шумораи кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 220 нафар ё 3,6 дар сад афзоиш ёфта, музди маоши миёнаи кормандон низ 107,7 сомонӣ ё 6,0 фоиз афзоиш ёфтааст.
Боиси зикр аст, ки натиҷаҳои комёбшудаи ин соҳа барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва кам шудани маҳсулоти қаблан воридшаванда шароити мусоид фароҳам оварда, ҷиҳати такомули буҷети давлатӣ замина гузошта истода бошад ҳам, ҳоло дар ин самт имкониятҳои мавҷуда пурра истифода нашудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ тавассути нақлиётҳои мусофиркашон ба 20,4 млн. нафар мусофирон хизмат расонида шуда, он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаригашта 26,2 ҳазор нафар зиёд гаштааст. Ҳаҷми борҳои кашонидашуда бошад, тавассути ҳамаи нақлиётҳои боркашон ба 899,2 ҳазор тонна расида, нисбатан 15,8 фоиз ё 123,0 ҳазор тонна зиёд шудааст.
Дар раванди баланд бардоштани сатҳи некўаҳволӣ дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои чакана ба 1025,6 млн. сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 421,4 млн. сомонӣ расонида шуд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин натиҷаҳо баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии амнияти озуқаворӣ, дар самти беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳр бо маводҳои аввалияи ниёзи мардум шароити фаровон муҳайё намуда, ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо соли гузашта, ба ҳар як сари аҳолӣ, мутаносибан 8,7 ва 10,5 фоизӣ зиёд шудааст.
Солҳои охир шаҳри Хуҷанд бо мақсади густариши муносибатҳои иқтисодӣ бо 45 давлатҳои дуру наздик ҳамкориҳои мутақобиларо самаранок ба роҳ мондааст.
Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки ҳаҷми савдои хориҷӣ мунтазам афзоиш ёфта, дар семоҳаи аввали соли равон он ба 100,7 млн. доллари амрикоӣ расидааст, ки аз ин миқдор воридот 89,1 миллион доллари амрикоӣ ва содирот 11,6 миллион доллари амрикоиро ташкил намудааст.
Боиси зикр аст, ки вазни қиёсии маҳсулотҳои содиргашта дар ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ 11,5 фоизро ташкил дода, барои мавқеи устувор ишғол намудани молистеҳсолкунандагон дар бозори хориҷӣ мусоидат карда истодааст.
Чораҳои судманди андешида шуда, дар самти муносибатҳои бурунмарзӣ собит менамояд, ки шаҳри Хуҷанд бо 15 шаҳрҳои хориҷии дуру наздик аз ҷумла, бо шаҳрҳои Оренбург, Энгельс, Сургут, Волгоград ва ноҳияи Киеви вилояти Маскави Федератсияи Россия, Могилеви Ҷумҳурии Белорус, Тайюан ва Ландҷоуи Ҷумҳурии халқии Чин, Линколни Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Ганҷаи Ҷумҳурии Озорбойҷон, Шимкент ва Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон, Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, Табрез ва Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон, солҳои тўлонӣ робитаҳои иқтисодию фарҳангии бародаршаҳрӣ дорад. Ҳамкориҳои мутақобилаи ин самт, нишон дод, ки дар натиҷаи ташрифи намояндагони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ ба ин кишварҳо барои рушду такомули соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва соҳибкорию ташаббускорӣ заминаи мусоид гузошта истодааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки самти сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ яке аз рукнҳои пурсамар барои такомули иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода дар давраи ҳисоботӣ 14,3 миллион доллари амрикоӣ ҷалб карда шудааст.
Муяссара Қаҳҳорӣ дар баромади худ доир ба нишондиҳандаҳои дигар соҳаҳои шаҳрдорӣ низ маълумоти муфассал ироа намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода фаъолияти тамоми сохторҳои шаҳрдориро мавриди таҳлил қарор дода, аз масъулини дахлдор ҷиҳати иҷрои корҳои анҷомшуда ҳисобот талаб намуд.
Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таҳкими худшиносию худогоҳӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, мубориза алайҳи бегонапарастӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои самараноки нақшаи даромади буҷет дар нимсолаи дуюм, пешгирии ҷинояткорӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолият, ба касбомўзӣ фаро гирифтани бекорон, ба роҳ мондани фаъолияти муназзами автобусҳои мусофиркаш, таъмини самараноки хизматрасонии коммуналӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ҷалби сармояи мустақим ва хориҷӣ, сифатнок иҷро намудани нақшаи даъвати хизмати ҳарбӣ, таҳияи лоиҳаи нави сармоягузорӣ ба иншооти таъиноташ гуногун, таъсиси корхонаи наву муштарак, вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ, суръатбахшии кор дар сохтмонҳои банақшагирифташуда ва ғайраҳо дастуру супоришҳо дода, муовинони сарпарасти соҳаҳоро барои назорати ҷиддӣ муваззаф намуд.
Дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов баромад намуда, доир ба бурду бохти шаҳрдорӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи фаъолияти шаҳрдориро натиҷагирӣ карда, таъкид дошт, ки рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар натиҷаи заҳмати софдилонаи фаъолон ва мардуми шарафманди шаҳрамон таъмин гаштааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар оянда низ ҷиҳати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир хоҳад андешид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...