(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Минтақаи таълимӣ — таҷрибавии «Палос» -и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи хавозавӣ иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳоли ток дар Минтақаи таълимӣ — таҷрибавии «Палос» ба ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров комёбиҳо таманно намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон техникаи замонавӣ, ки барои коркарди байни қаторҳои боғу токзор пешбинӣ гардидааст, муаррифӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат қаблан ба хоҷагиҳои эҳтиёҷманди деҳқонии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 920 техникаи кишоварзӣ бо қисмҳои эҳтиётии он тақдим гардида буд. Дар байни тракторҳои хурд инчунин воситаҳои муосири техникӣ барои кучат кардани шолӣ низ мавҷуд буда, имконоти техникии дигар технологияи соҳавӣ ҳам ба талаботи хоҷагидорон мувофиқ мебошад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Минтақаи таълимӣ — таҷрибавии «Палос» -и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соли 1959 дар деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта, масоҳати умумии он 25,96 гектар мебошад.

Ҳоло дар минтақа зиёда аз 10 000 бех ниҳолу буттаҳои мевадиҳандаву ороишӣ нашъунамо меёбанд. Дар ин ҷо дарахтони зардолу, биҳӣ, анор, шафтолу, бодом, анҷир, гелос, олу, олуча, хуч, ток ва ғайра дар майдонҳои алоҳида парвариш карда мешаванд. Ҳамчунин дар қитъаҳои нисбатан хурд барои таҷриба сабзавот, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, шалғам, лаблабу, каду ва маҳсулоти лӯбиёгӣ кишт карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо зарфияти аграрии ин мавзеъ ташаббуси масъулони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро оид ба барқарорсозии боғҳои кӯҳна муҳиму саривақтӣ маънидод карданд. Зеро бо гузашти солҳои зиёд дарахтони ин боғ камҳосил гардида, қариб ба коркарди агротехникӣ низ фаро гирифта намешуданд.

Раёсати Донишгоҳ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва амалисозии сиёсати кишоварзии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат соли 2023-юм 2500 бех токи навъҳои “Президентӣ”, “Шоҳона”, “Аватар”, “Ғалаба” ва “Тагобӣ”-и сафеду сиёҳро аз хоҷагиҳои токпарварии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода оварда, дар масоҳати 5,5 гектар шинониданд.

Оғози моҳи марти соли 2024 дар ҳамин мавзеъ дар масоҳати 1,4 гектар 1700 бех ниҳоли зардолуи навъҳои “Мирсанҷилӣ”, “Нишонӣ” ва “Силвер-голд” шинонида шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки ҳамасола дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ боғу токзори нав бунёд ёфта, боғу токзори кӯҳна барқарор мегардад ва бо иҷрои саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд карда мешавад. Зиёд шудани майдони боғу токзори нав дар вилоят асосан давоми 5-6 соли охир ба назар мерасад.

Тибқи муълумоти Раёсати кишоварзии вилоят, то 1 апрели соли 2024 дар қаламрави вилояти Суғд дар масоҳати 113 гектар боғи нав, аз ҷумла 23 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст. Дар ҳамин давра дар масоҳати 4 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Соли 2024 барқароркунии боғҳои кӯҳна дар майдони 788 ва токзори кӯҳна дар масоҳати 111 гектар анҷом дода шудааст. Зардолузори вилоят ба 51 ҳазор гектар расида, аз ин 35 ҳазору 500 гектар ҳосилдиҳанда мебошад. Истеҳсоли мева соли гузашта ба 222 ҳазору 521 тонна расонида шуд. Истеҳсоли зардолу 157 ҳазору 186 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 101 ҳазору 339 тонна зиёд мебошад.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 13 ҳазору 661 гектар ангурбоғ мавҷуд мебошад, ки 12 ҳазору 531 гектар ҳосилдиҳанда аст. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии боғҳо дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 76 ҳазору 860 гектарро ташкил медиҳад ва аз ин 57 ҳазору 240 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Майдони боғҳои меваҳои тухмдор 13 ҳазору 770 гектар ва меваҳои донакдор 58 ҳазору 920 гектарро ташкил медиҳад.

Зимнан иттилоъ дода шуд, ки мақсади асосии фаъолияти Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии«Палос» -и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баланд бардоштани дониши амалии донишҷӯёну аспирантон, унвонҷӯёну муҳаққиқони ҷавон ва татбиқи назария дар амалия, таҳкими ҳамкории илм бо истеҳсолот ба шумор рафта, барои донишҷӯёни факултетҳои биология-химия, геоэкология ва туризм, санъати тасвирӣ ва дизайн ва машғулияти фанҳои ботаника, зоология, биология, асосҳои кишоварзӣ шароити хуби таҷрибаомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳосили аз боғу замини кишт бадастомада барои баровардани ниёзҳои иҷтимоии собиқадорони меҳнат, донишҷӯёни ятиму бепарастор, муҳассилини имконияташон маҳдуд ва омӯзгорону кормандон истифода карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо роҳбарият ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ба онҳо дастур доданд, ки дар баробари таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба баланд бардоштани сифати илмомӯзӣ, инчунин бобати арҷгузорӣ ба анъанаҳои боғдории миллати тоҷик ва ба меҳнатдӯстӣ ҷалб кардани ҷавонон тадбирҳо андешида шаванд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...