26 Феврал 2024
Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ – менеҷер хатм намудааст.
Аз соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос таҳсил менамояд. Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, аз моҳи январи соли 2015 то моҳи октябри соли 2016 ба ҳайси мутахассиси ИТ и Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи феврали соли 2017 коргузори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Аз моҳи марти соли 2017 то моҳи январи соли 2019 муовини Директори ҶДММ “Сарвар Ёрматов” фаъолият намудааст.
Аз моҳи январи соли 2019 то моҳи октябри соли 2021 мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Бӯстон кор кардааст.
Аз моҳи октябри соли 2021 то моҳи декабри соли 2023 дар мансаби мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳри Бӯстон кор кардааст.
Бо Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 01 декабри соли 2023 ба вазифаи мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Оиладор соҳиби 2 фарзанд.