(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.П. Чехов» семинари методии муовинони директор оид ба корҳои таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, дар сатҳи баланд ва пурмазмун баргузор карда шуд.

Дар доираи чорабинии мазкур аз ҷониби омўзгорони муассиса маърўзаҳои ҷолиб, дарсҳои кушод, бозиҳои шавқовари фаннӣ, ҳимояи лоиҳаву чорабиниҳои дигар ташкил карда шуданд, ки писанди меҳмонону иштирокдорони семинар гардид.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Муассиса ҳамчун маркази методии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд, ки таҳсилашон ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст, баромад карда, бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ва сатҳи тахассуси омўзгорон мунтазам ҷамъомаду вохўриҳо ва семинарҳои мухталиф оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим баргузор карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.П. Чехов» моҳи сентябри соли 2022 дар асоси Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия аз 30 ноябри соли 2021 ба фаъолият оғоз намудааст.
Таҳсил дар муассиса дар асоси стандартҳои давлатии таълимии федералии Россия бо забони русӣ, бо омўзиши ҳатмии фанҳои забони тоҷикӣ, таърихи халқи тоҷик ва географияи Тоҷикистон, тариқи ройгон, аз ҳисоби маблағгузории ҷониби Федератсияи Россия ва Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Хонандагони синфҳои поёнӣ бо як маҳал хўроки бепул таъмин карда мешаванд. Мактаб дорои шароити муосири техникиву технологӣ буда, бо тамому ашёву ҷиҳози таълим пурра таъмин карда шудааст.
Алҳол дар синфҳои 1-9 муассиса 1080 нафар хонандагон бо таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо зиёда аз 70 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба аз фанҳои мухталиф дарс мегўянд. Боиси қайд аст, ки аз теъдоди номбаршуда 19 нафарашонро омўзгорони баландихтисоси аз Федератсияи Россия ҷалбгардида ташкил медиҳанд.
Муассиса ғолиби озмуни «Мактаби беҳтарини Россия дар хориҷа», ки моҳи декабри соли 2023 дар шаҳри Москва баргузор гардид, дониста шудааст. Ҳамчунин, 14 нафар омўзгорони муассиса «Омўзгори беҳтарини Россия дар хориҷа» эътироф карда шуданд.
Хонандагони муассиса на танҳо кўшиш менамоянд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, таҳсилашонро минбаъд дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи ҷумҳуриву Федератсяи Россия идома диҳанд, балки иштирокчии фаъоли ҳамагуна озмуну олимпиадаҳои фанниии байналмилалӣ, умумироссиягӣ ва ҷумҳуриявӣ низ мебошанд. Давоми соли таҳсили гузашта 186 нафар хонандагон ғолибу ҷоизадори чунин озмуну олимпиадаҳо гаштанд. Чунончи, ду нафар хонандагони муассиа Шукурова Ойишахон ва Абдувоҳидов Фаррух дар Олимпиадаи байналмилалии хонандагон дар шаҳри Анталияи Туркия сазовори мақоми аввал гаштанд, хонандаи синфи 9 комилова Нозанин дар Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle», ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардида, сазовори ҷойи дуюм, хонандаи синфи 9-ум Мухамедова Амина дар Озмуни байналмилалии «Хайку», ки бо ташаббуси СММ ташкил карда шудааст, сазовори ҷойи сеюм, хонандаи синфи 4-уми Ахмедов Аҳмад дар Озмуни уммумироссиягии «Дар бораи Ватани худ нақл бикун» сазовори ҷои аввал, хонандагони синфи 8-ум дар Озмуни умумироссиягӣ бахшида ба муқовимат ба коррупсия сазовори ҷойи сеюм, муассиса шаш нафар хонадагони муассиса ғолиби даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагон гаштанд. Ҳамчунин, чор нафар хонандагони мактаб дар байни 1517 нафари довталабон ғолиб омада, аз рўи лоиҳаи «Мағлубнашудагон» («Непкороенные») ба 14 шаҳрҳои ҷануби Россия сафар намуданд.
Имсол низ хонандагони мактаб дар озмуну олимпиадаҳо ва чорабиниҳои дигари сатҳи гуногун иштирок карда, соҳиби 6768 диплому ифтихорнома ва сертификатҳо гаштанд. Аз ҷумла, 12 нафар хонандагон ба давраи финалии Озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-таҳқиқотии ба номи Д.И. Менделеев роҳ ёфта, 4 нафари онҳо дар шаҳри Москва ҷоизадори ин озмун гаштанд.
Алҳол 8 нафар хонандагони муассиса, ки аз байни ҳазорон нафар ғолиб омада, барои иштирок дар Фестивали умимҷаҳонии ҷавонон, ки охири моҳи феврал дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия мегардад, роҳхат гирифта, барои сафар омодагӣ дида истодаанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...