28 Декабр 2023
Соли 2023 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,3 % зиёд гардид. Ин нукта имрӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.
«Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат нисбат ба соли гузашта 8,3 % зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд», — тазаккур доданд Сарвари давлат.
Таъкид шуд, ки қисмати даромади буҷети давлатӣ 102,5% таъмин гардид.