(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати ҷашни 70-солагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали «Шафқат», пизишки дараҷаи олии Набиҷон Раупов баргузор гардид.

Конфронсро сардухтури беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 Фирӯз Комилов ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, муовини сардори раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев, номаи табрикотии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 70 солагии Набиҷон Раупов ироа намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни номаи табрикотии хеш аз ҷумла зикр дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва то кунун ба масоили баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст.
Солимии шаҳрвандони кишвар ҳамчун бойигарии асосии мамлакат дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳукумати мамлакат бо мақсади хубтару беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Ҳар сол ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ зиёд шуда, беморхонаҳои нави замонавӣ бунёд меёбанд, ки онҳо бо ҷадидтарин воситаҳои техникӣ таъминанд. Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 низ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 августи соли 2022 баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин рӯз дар баробари бинои табобатӣ, ҳамзамон бинои маъмурияти беморхона, Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббӣ ифтитоҳ гардида буд.
Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо имрӯзҳо ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат бо иҷрои содиқонаи касбу вазифа, масъулияту рисолати касбии хеш баҳри нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ софдилонаю садоқатмандона хизмат карда истодаанд.
Дар радифи чунин табибони ҳозиқ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ, мутахассиси варзидаи соҳаи тиб, собиқадор, кордону ботаҷриба, пеш аз ҳама инсони комилу муътабар, хоксору нексиришт Раупов Набиҷон Ғаниевич мебошанд, ки имрӯз 70 солгарди рӯзгори пурбаракати хешро дар ҳалқаи ҳамкорону пайвандон таҷлил намуда истодаанд.
Таъкид шуд, ки кору пайкори Набиҷон Ғаниевич, дар соҳаи тиб хеле назаррас буда, тўли фаъолияти бисёрсолаи меҳнатиашон зинаҳои бошарафи касбиро фатҳ намуда, ҳамчун духтури дараҷаи олӣ ва ташкилотчии бомаҳорат ҳастии худро сарфи хизмати халқу Ватан кардаанд. Мавсуф то ҳол баҳри роҳнамоӣ намудани мутахассисони ҷавон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ободию пешрафт ва сиҳатии ҷомеа саҳми арзанда гузошта меоянд.
Фаъолияти касбии Набиҷон Ғаниевич, барои ташхису табобати беморон ва сифатҳои шахсии инсониашон воқеан ҳам ибратомӯз мебошанд. Кору пайкор ва ҷаҳду талошҳои ин табиби ҳозиқ ва ҷонбахши беморон барои насли ҷавон намунаи ибрат аст. Ин табиби ҳозиқ зимни табобат бо малеҳгуфторӣ ба дили беморон ҷон мебахшанд ва дарди беморонро чун дарди худ қабул карда, тамоми донишу маҳорат ва малакаю кордонии хешро баҳри саломатии мардум равона менамоянд. Бешубҳа ин андешаҳо аз забони корафтодагонест, ки онҳоро тақдир ба назди ин табиби мушфиқу ғамхор ва инсондӯсту меҳанпараст овардааст ва шоистаи таҳсину ифтихори ҳамагон аст.
Давлату Ҳукумат хидматҳои боризи Набиҷон Ғаниевичро арҷ гузошта, бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва медали «Шафқат» қадршиносӣ намудааст. Мусаллам аст, ки мукофоти аз ҳама баландтарин барояшон меҳру муҳаббат ва самимияти саршори инсонҳост, ки Набиҷон Ғаниевичро мешиносанд, эҳтиром мекунанд, эътироф менамоянд, аз фазилатҳои инсонию касбӣ ва ғамхориашон ҳамеша бархӯрдор ҳастанд ва ҳамеша дар паҳлўяшон буданро баҳри омӯзиши сабақи зиндагӣ барояшон мояи ифтихор медонанд.
Сипас дар ҷараёни кори конфронс ҳамкасбону ҳамкорон ва меҳмонон, аз ҷумла Олимҷон Ғаффоров, Абдусалом Ваҳҳобзода ва як қатор шогирдони Набиҷон Раупов дар бораи кору пайкор ва хидматҳои мавсуф маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки табиби дараҷаи олӣ Набиҷон Раупов 17-уми декабри соли 1953 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Пас аз итмоми МТМУ№9 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, баъди хатми он ва гузаштани интернатура ба Беморхонаи шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд ҳамчун духтури назорати тиббии дар диспансери тарбияи ҷисмонӣ фаъолияти худро оғоз бахшидааст. Баъдан дар вазифаи мудири шуъбаи тарбияи ҷисмонии тиббӣ, духтури муолиҷавии касалиҳои дарунӣ кору фаъолият намуд. Сипас 30 сол мудири шуъба таъин гардида, баъдан то ба маснади муовини сардухтури беморхонаи шаҳрии №1 меҳнати пурсамар намуд. Таҷрибаи бойи мавсуфро ба инобат гирифта, духтури узвҳои дарунӣ таъин карданд ва то ба имрӯз дар ин беморхона фаъолияти пурсамар дорад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...