(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, комиссариати ҳарбӣ, мудирони шуъбаву сохторҳои шаҳрдорӣ, аъзои комиссияи даъвати ҳарбӣ ва раисони маҳаллаҳо ҷаласаи ҷамъбастӣ оид натиҷагирӣ аз маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарони соли 2023 ва омодагию вазифагузориҳо ба маъракаи навбатии даъвати баҳории соли 2024 баргузор гардид.

Нахуст раиси Комиссияи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода оид ба ҷамъбасти маъракаи даъвати тирамоҳии соли 2023 ба ҳозирин маълумот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2023 №621 “Дар бораи ба эҳтёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллудашон 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” тамоми чораҳо андешида шуд. Дар асоси Фармони мазкур қарори раиси шаҳр аз 26 сентябри соли 2023 №465 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбии моҳҳои октябр – ноябри соли 2023» ба тасвиб расида, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳии соли 2023 тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардид ва дар натиҷа нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон дар муҳлати муқарраргардида иҷро гардид. Дар мактаби ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд 37 нафар ҷавонони синни даъватӣ барои соҳибкасб гардидан ба курси ронандагӣ омўзонида шуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд. Дар давраи омӯзишӣ ба 3780 нафар ҷавонони синни даъватӣ даъватнома дода, он таҳлилу баррасӣ карда шуд. Баҳри босифат гузаронидан ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо қарори раиси шаҳр аз буҷети шаҳр маблағҳои зарурӣ ҷудо ва ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ равона карда шуданд.
Сипас, Фирдавс Шарифзода Раиси шаҳри Хуҷанд аз масъулини дахлдор оид ба иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 26 сентябри соли 2023 №465 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбии моҳҳои октябр – ноябри соли 2023» пурсиш ба амал оварда, барои иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар маъракаи даъвати баҳории соли 2024 эшонро вазифадор кард.
Таъкид шуд, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор ба ҳар ҷавони синни даъватӣ маҳсуб меёбад. Ифтихор аз он бояд кард, ки ватани мо соҳиби Артиши миллӣ буда, қодир аст дар он ҷавонони бонангро аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват, аз ҷиҳати сиёсӣ пухтаву зирак омода гардонад. Ду сол хизмат дар Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати зиндагии осоиштаи хонадони ҳар хизматчӣ, орому осоиштагии кишвар ва ояндаи дурахшони кўдакону ҷавонон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишварамон эътимоди комил доранд, умед ба он мебанданд, ки бо ақлу заковат, тани пурқуввату ғурури миллиашон ояндаи ватанро мунаввар месозанд. Бояд гуфт, ки Пешвои муаззам барои ҷавонон шароити хуб дар таҳсил, Қувваҳои мусаллаҳ, корхонаҳо ва дигар маконҳои муҳим фароҳам овардаанд. Месазад чунин ғамхориҳоро қадр ва ҷавобан бо матонату ақли солим ба ватан хизмати содиқона кард.
Кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр, аъзоёни комиссияи даъват, раисони маҳаллаҳо, директорони коллеҷҳо, литсейҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сардорони корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили рост ва чап, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият муваззаф гардиданд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро ҳатман риоя намуда, иҷрои онро таъмин созанд.
Дар ҷараёни ҷаласа прокурори шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Нозимзода, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд Шералӣ Мансурӣ ва дигарон баромад намуда, ҷиҳати сифатан беҳтар намудани иҷрои нақшаи даъвати баҳоронаи соли 2024 андешаҳои хешро баён доштанд.
Дар анҷоми ҷаласа ба як қатор фаъолон Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...