01 Декабр 2023
Субҳи имрӯз дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ва соҳили дарёи Сир дар доираи «Аксияи тозагӣ»-и мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд хонандагон, донишҷӯён, кормандони касбу кори гуногуни идораву ташкилот ва муассисаҳо ба ҳашари умумишаҳрӣ баромада, кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро тозаву озода намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ин рӯз аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати боло бурдани маърифати экологӣ гузаронида шуда, аз ҷумла таъкид гардид, ки шаҳри Хуҷанд дуюмин шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ буда, гардиши сайёҳон рӯз ба рӯз зиёд гашта, партовҳои зиёд дар мавзеъҳои сайёҳгузар боиси озурдахотирии меҳмонону сайёҳони хориҷӣ мегардад. Сокинонро зарур аст, ки дар ин самт масъулияти шаҳрдорӣ намуда, баҳри тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳм муносиб гузоранд, то ки меҳмонону сайёҳон бо таассуроти хуб ба кишвари худ баргашта, аз зебогии "Тирози ҷаҳон" бори дигар васфу тавсиф намоянд.
Бояд қайд намуд, ки бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд корҳои бунёдкоривусозандагӣ ҷараёни тоза касб менамояд. Бунёду ба истифодадиҳии корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ, таҷдиду азнавсозии роҳҳо, хонаҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳо аз тадбирҳои корҳои ободонӣ маҳсуб меёбанд.
Гузашта аз ин ташкили ҳашарҳои дастҷамъона ва тамизгардонии муҳити атроф бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд пайваста ташкил гардида, шаҳри Хуҷанд рӯз аз рӯз таровати тоза касб менамояд.