27 Октябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд профессор Усмонҷон Ғаффоров дар синни 78солагӣ моро тарк намуданд.
Устоди арҷманд, Усмонҷон Ғаффоров аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст. Мавсуф дар давраи фаъолияти илмӣ- педагогӣ ва адабӣ- ҷамъиятии худ 80 китоб, беш аз 1500 адад мақолаҳои публитсистӣ дар матбуоти даврӣ ва 300 адад асарҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои бонуфуз ба нашр расонидааст.