(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» аз 7 декабри соли 2022, №1916 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №626 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» дар нўҳ моҳи соли 2023 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ба даромади буҷети маҳаллӣ 216400,4 ҳазор сомонӣ малағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ворид карда шуданд, ки ин нисбати нақша 14017,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 106,9 фоизро ташкил намуд. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 27113,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 114,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра ҳамаи 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташудаи буҷети маҳаллӣ бо барзиёдӣ таъмин карда шуданд.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд ба маблағи 490917,0 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 50227,0 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 111,4 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 70356,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 116,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра ҳамаи 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташудаи буҷети умумӣ бо барзиёдӣ таъмин карда шуданд.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати 1 сентябри соли 2023 маблағи 20431,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 3377,2 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар нўҳ моҳи соли 2023 ба маблағи 205068,3 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин 99,9 фоизро ташкил намуда барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 146798,5 ҳазор сомонӣ ва ё 71,6 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини маблағгузории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ 115044,6 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардиданд, ки ин 56,1 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда, аз ҳисоби пардохти музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, кумакпулӣ ва ҷубронпулии аз буҷет пардохтшаванда қарздорӣ ҷой надорад.

Дар ин давра ба даромади суратҳисоби махсуси муассисаҳои буҷети маҳаллии шаҳр 19906,0 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин 84,0 фоизи иҷрои нақшаро ташаккул дода, нисбати нақшаи муайяншуда 3870,9 ҳазор сомонӣ кам мебошад ва аз ин ҳисоб 16894,2 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат якҷоя бо маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 4199,7 ҳазор сомонӣ, пардохт барои хизматрасониҳои коммуналӣ 952,9 ҳазор сомонӣ, хароҷоти захираҳои моддию молӣ 8122,7 ҳазор сомонӣ, пардохти хизматрасонии мутахассисон 703,5 ҳазор сомонӣ, барои гузаронидани таъмири ҷорӣ 1088,8 ҳазор сомонӣ, барои хариди мошинҳо ва таҷҳизот 411,5 ҳазор сомонӣ, хароҷоти муассисаҳо вобаста ба пардохти ҳиссагузориҳо 588,7 ҳазор сомонӣ ва ғайра маблағҳо ба харҷ дода шуданд.

Дар ин давра барои маблағгузории корҳои ободонии шаҳр аз ҷумла, р¬ўбучини кўчаҳои марказӣ, аз кўчаҳо баровардани партовҳо, дар майдонҳо шинонидани гулҳои ороишӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ, таъмири намои берунаи хонаҳои дар кўчаҳои протоколӣ ҷойгиршуда, фаъолияти бомароми фаввораҳо ва корҳои равшаннамоии кўчаҳо, бо воситаи КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр, ки ҳамчун фармоишгари асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои ободонӣ ба ҳисоб меравад, 32298,1 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуданд.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи тасдиқшудаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 14017,4 ҳазор сомонӣ жой доштанаш, 30 фоиз ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 4205,2 ҳазор сомонӣ ва 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 490,6 ҳазор сомонӣ ҳиссагузориҳо саривақт ҳисоб ва равона карда шуданд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, таҳти №125, қарори Раиси шаҳр аз 10 майи соли 2023, таҳти №261 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” ба тавсиб расонида шуда, барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 барои муассисаҳои соҳаи тиб эҳтиёҷот ба ангишт ва ҳезум мутаносибан ба миқдори 424 тонна ва 6 метри кубӣ ва барои муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр мутаносибан ба миқдори 909 тонна ва 372 метри кубӣ, ҳамагӣ ба миқдори 1333 тонна ангишт ва 378 метри кубӣ ҳезум муайян карда шуда, барои ин мақсад дар буҷети шаҳр 1286,0 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ пешбинӣ ва дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи маорифи шаҳр ба маблағи 864,0 ҳазор сомонӣ барои харидории 778,0 тонна ангишт равона шуда, аз тарафи муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр бошад ба маблағи 460,0 ҳазор сомонӣ барои харидории 412,0 тонна ангишт равона карда шуданд. Дар умуман, барои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сарпарастон 1191,0 тонна ангиштсанг ва 378 метри кубӣ ҳезуми сахт захира карда шуда, таъмини иҷрои нақшаи захираи ангишт ба андозаи 89,3 фоиз ва ҳезуми сахт бо пуррагӣ таъмин гардидааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №514 «Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нўшокӣ барои солҳои 2008 – 2020» дар буҷети маҳаллии шаҳр дар соли 2023-ум 3000,0 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, дар ин давра маблағгузорӣ барои ин мақсад ба андозаи 2220,8 ҳазор сомонӣ сари вақт таъмин карда шуданд.

Дар шаҳри Хуҷанд 3 лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷалб карда шудаанд, амалӣ гардида истодааст. Дар ин давра мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатӣ дар назди БАТР аз ҳисоби КВДК “Хуҷандобуканал” 466038,55 доллари ИМА (5007,9 ҳазор сомонӣ), КДК «Нақлиёти мусофиркашон»-и шаҳри Хуҷанд 938636,16 доллари ИМА (10244,4 ҳазор сомонӣ) ва КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд 280195,4 доллари ИМА (3058,0 ҳазор сомонӣ) қарз бо пуррагӣ пардохт гардидааст.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...