05 Октябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Бо арзи эҳтирому ихлос ва муҳаббату садоқат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сокинони шарафманди ин диёри қадимаи тоҷикон бо фараҳмандию ифтихор Шуморо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарорасии Рўзи мавлудатон табрику таҳният намуда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар роҳи расидан ба мақсадҳои олии ҷаҳонсолорӣ комёбиҳои беназир, сиҳатмандии ҷовидона, бахти бузург ва саодатмандии раҳнамо будан ба халқу миллатро орзу карда, таманно дорем, ки ҳамеша сарпарасти сари фарзандони имрӯзу фардои миллат бимонед.
Шумо, Пешвои муаззами миллат, дар байни сиёсатмадорони олам бо адолатпарвариву инсондўстӣ, саховату бахшандагӣ, ҷавонмардию сарбаландӣ ва бузургии тоҷварона ном баровардаед ва бори дигар собит кардед, ки сиёсати таҳаммулпазирӣ, хирадпешагӣ ва адолатмандии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Шумо заминаи тарбиявӣ, эҳтироми ҳуқуқи башар ва шинохти асолати садоқатмандию муҳаббат ба Ватанро дорад.
Сулҳу ваҳдате, ки бо шарофати заҳматҳои пайваста ва пайгиронаи Шумо, муҳтарам Пешвои миллат насиби миллатамон гардид, арзишмандтарин дастовард ва дороии Ватани маҳбубамон мебошад.
Ҷашни мавлуд муборак, Пешвои муътабари миллат!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд