29 Сентябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Бахшида ба Рўзи омузгорон дар майдони футболи Гимназияи рақами 1-и ба номи Раҳим Ҷалил мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни духтарон доир гардид. Мусобиқа тибқи нақшаи якҷояи шуъбаи маориф, федератсияи футболи шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он 14 дастаҳо аз ҳисоби духтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғибу ташвиқи намуди футбол дар байни духтарон, пайдо намудани истеъдодҳои нав, муайян намудани дастаи мунтахаби шаҳр ва ҷалби бештари духтарону бонувон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳисоб меравад.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа кайд гардид, ки воқеан варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бояд тазаккур дод, ки ҷои 1-ум насиби дастаи духтарони Гимназияи рақами 1, ҷои 2-юм дастаи МТМУ рақами 10 ва ҷои сеюм дастаи МТМУ рақами 31 ва Гимназияи рақами 24-ум сазовор гардид.
Дар охир дар маросими тантанвӣ ғолибон ва ҷоизадорон бо ҷом, диплом, медал ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд