28 Сентябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят лоиҳа-пешниҳоди силсилаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуд.
Масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории вилоят зимни муарифии лоиҳаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот доданд, ки ояндаи наздик дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд метавон силсилаи баландошёнаи истиқоматиро бунёд кард.
Дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки аз 18, 20 ва 22 ошёна иборат хоҳад шуд, имкони бунёди хона барои то 15 ҳазор нафар аҳолӣ мавҷуд аст. Тибқи лоиҳа сохтмони мактабу кӯдакистонҳо низ ба нақша гирифта шуда, дар биноҳои баландошёна ҷойгирсозии таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон дар назар дошта шудааст.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид кард, ки лоиҳаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бояд дар доираи нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд омода ва дар оянда дар амал татбиқ карда шавад.