8302
(0 голоса, среднее 0 из 5)
26 Сентябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Бо садо додани Суруди миллӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, ҳифзи сиҳатии омма, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр иштирок карданд.
Нахуст оид рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумзурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2022, № АП-188 оид ба ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумзурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маърӯзаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10 шунида шуд.
Зимни маърӯза қайд гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо рӯҳияи баланди хештаншиносию худогоҳӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ омодагиҳоро барои таҷлили бошукӯҳи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида, фаъолияти назарраси худро баҳри созандагиву ободонӣ равона намуда, ба як қатор дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.
Боиси хушнудист, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Баҳри тақвияти ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 332 банд иборат буда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 590 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст, аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ба анҷом расонидани ободониву созандагӣ тамоми тадбирҳо равона карда шудаанд.
Номҳои иншоот, муассиса, муассисаҳои савдо ва коргоҳҳи ҶММ “Азияполитекс”, “Папирус”, “Сохтмони Кабир”, ҶММ “Ниттинг”, “Рӯдакӣ-Плаза”, ҶММ “Дадобоев Т, Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон”, Хуҷандлифтмаш”, ҶДММ “Ортопедия ва технологияи муосир”, бинои нави ДДҲБСТ, МТМУ №28, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ба номи Султон Урунов бо бунёди бинои ёрии таъҷилӣ ва чойхонаи миллӣ, МТТ №18, Театри мазьёҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, бинои иловагии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»-ро гирифтан мумкин аст, ки самаранок фаъолият доранд.
Таъкид шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар 9 давоми нуҳ моҳи соли 2023-юм 38 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро ба роҳ монд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри амалӣ намудани бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаруза корбарӣ намуда, барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣва бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол намудани ин ҷашни бузурги миллӣ тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Суғдиён, № 31 Маҳфуза Набиҷонова дар музокираи масъалаи мазкур маърӯзаи иловагӣ намуд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Себзор, № 7, раиси комиссияи доимӣ оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудудӣ Наим Маликисломӣ оид ба фаъолияти комиссияи доимӣ ҳисобот дод.
Аз рӯи масъалаи сеюми рузнома вакилон ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуросон, № 29 Кенҷазода Манучеҳраро дар бораи амалисозии ваколатҳои вакилиаш шуниданд.
Масъалаи чоруми рӯзнома дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 21-уми декабри соли 2022, №204 “Дар бораи қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2023 ва тасдиқи ҳисоботи буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2021” муҳокима карда шуда, вакилон қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Масъалаи дигари рузномаи иҷлосия дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр оид ба масъалаҳои моликияти давлатӣ, дар бораи ихтиёрдорӣ ва истифода намудани амволи ба моликияти давлат воридгардида, дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии “Беҳтарин маҳалла, кӯча, бинои баландошёна ва хонаи истиқоматӣ дар сольои 2023-2025” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби буҷети шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо муҳокима карда шуда, вакилон қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд сухан намуда, қайд кард, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми донишу таҷриба ва кӯшишу ғайратро барои зиндагии орому осуда ва босаодати халқу миллат сафарбар намоем.
Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Фирдавс Шарифзода иҷлосияро анҷом бахшида, қайд кард, ки амалӣ шудани нияту орзуи ҳар сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.
Бинобар ин вакилони халқ ва фаъолонро зарур аст, ки сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаро ҳифз намуда, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузошта, барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби оини давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои Истиқлолият ва таъмини ваҳдати миллӣ талош варзем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд