22 Сентябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Дар гимназияи хусусии “Ганҷ”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи хонандагон, омўзгорон, муасису роҳбарияти дабистон ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр чорабинии таълимию фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Рўдакӣ баргузор гардид.
Бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд мерасонем, ки бо ибтикороти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 25-уми сентябри соли равон соати 18:00 дар саҳни театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рўзи Хуҷанд бо иштироки ситораҳои намоёни эстрадаи дохилию хориҷӣ, аз ҷумла Ҳунарманди мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов, ситораи тобони Федератсияи Русия Согдиана, ҳофизи номдор аз Ҷумҳурии Ўзбекистон Бунёдбек Саидов, хунёгарони дилҳо Нигина Амонқулова, Мубориз Усмонов,Ҷонибек Муродов, Нобовар Чиноров, Дилноза Каримова, Гуласал Пӯлодова, Донишманд Қутбиддинов, Анвар Қосимов, Сироҷиддин Худоймерганов, Сардорбек Солиев ва дигар ситораҳои маъруфи Тоҷикистон чорабинии идона баргузор мегардад.
Ровиёни беҳамтои базмгоҳ Аъзамхон Акбаров ва Шоҳидахон Абдураупова мебошанд.
Ҳамчунин ансамблҳои рақсии «Зебо», «Ғаффор Валаматзода», «Гулноз» бо рақсҳои мавзуни худ ба дилҳо суруру шодмонӣ мебахшанд.
Марҳамат ба базми шаҳри гулҳо, шаҳри муҳаббат, шаҳри садоқат ва шаҳри вафодорӣ!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд