20 Сентябр 2023
Санаҳои 18-20 сентябри соли равон дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд, дар доираи нақша-чорабиниҳои Рӯзи шаҳри Хуҷанд, мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба бокс байни ҷавонони соли таваллудашон 2006-2007 бахшида ба 75-солагии Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва дорандаи медали Хизмати шоиста Хоҷазода Даврон Бобохон баргузор гардид.
Мусобиқа аз рўи 13 вазн гузаронида шуда, дар он зиёда аз 80 нафар варзишгарони наврасу ҷавон иштирок ва байниҳам қувваозмоӣ намуданд. Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби намуди варзиши бокс ва тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни онҳо ва баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасону ҷавонон мебошад.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа, таъкид гардид, ки таваҷҷўҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи варзиш рўз аз рўз зиёд мегардад. Хушбахтона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.
Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд