20 Сентябр 2023
Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд мерасонем, ки бо ибтикороти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 25-уми сентябри соли равон соати 18:00 дар саҳни театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рўзи Хуҷанд бо иштироки ситораҳои намоёни эстрадаи дохилию хориҷӣ, аз ҷумла ситораи тобони Федератсияи Русия Согдиана, Ҷумҳурии Ўзбекистон Бунёдбек Саидов, хунёгарони дилҳо Нигина Амонқулова, Мубориз Усмонов, Ҷонибек Муродов, Нобовар Чиноров, Нодирабегим Усарзода, Донишманд Қутбиддинов, Анвар Қосимов, Сардорбек Солиев ва дигар ситораҳои маъруфи Тоҷикистон чорабинии идона баргузор мегардад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд