(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altВокуниш ба маводи интиқодии расонаи «Спутник Тоҷикистон» таҳти унвони «Зиндагӣ бо зарфҳои пластикӣ: мушкили “қадима”-и як маҳаллаи Хуҷанд.

Санаи 8.09.23. дар сомонаи Спутник Тоҷикистон» таҳти унвони «Зиндагӣ бо зарфҳои пластикӣ: мушкили “қадима”-и як маҳаллаи Хуҷанд» нашр гардид, ки он бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷониби гуруҳи корӣ мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин гузориш як гуруҳ сокинони микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд оид ба норасоии оби нўшокӣ шикоят намудаанд, ки дар бархе ҳолатҳо каме аз ҳақиқат дур аст ва дақиқан назари ҷониби дигар, ки бозгӯйи воқеъият аст, оварда нашудааст.

Сокинон гўё арз намудаанд, ки «Солҳо ба ин тараф аз интиқоли оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, аммо то кунун амалан коре барои ҳалли он сурат нагирифтааст».

Ҳол он, ки тадбирҳои андешидаи шаҳрдорӣ давоми солҳои охир буд, ки соати интиқоли оби нўшокӣ дар ин микроноҳия аз 3-4 соати қаблӣ ба 10-12 соат расонида шуд. Сокинон хуб дар ёд доранд, ки солҳои қаблӣ гоҳо ҳафтаҳо ин микроноҳия ба об дастрасӣ надошт.

Бархе сокинон, аз ҷумла раиси маҳаллаи микроноҳияи 3-юм Муродҷон Умаров изҳор дошт, ки на ҳама гуфтаҳояш дар маводи нашршуда ҷой дода шудаанд, аз ҷумла тадбирандешии мақомоти шаҳрдорӣ доир ба беҳтар намудани вазъи обрасонӣ, ки муфассал гуфта шудааст, дар маводи интиқодӣ ба чашм нарасид.

Насим Мамадҷонов директори ҶДММ «Хизматрасон-2013», ки ширкаташ масъулияти обрасониро дар микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд ба ўҳда дорад, изҳор дошт, ки солҳои охир маҳз бо дастгири Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сатҳи хизтмарасонӣ боло бурда шуда, аҳолӣ дар иншабонарўз то10-12 соат бо об таъмин шуда истодаанд.

Алҳол дар ихтиёри ҷамъият 8 адад чоҳи амудӣ мавҷуд буда, аз он 2 адад чоҳи амудӣ мавриди истифодабарӣ ва 6 адад ҳамчун захиравӣ нигоҳ дошта мешавад, ки дар ояндаи наздик баъди таъмиру азнавсозӣ ин чоҳҳо низ ба кор андохта мешаванд.
Ҳамчунин дар ихтиёри ҷамъият дар микроноҳияи 3-юм 1 адад чоҳи амудӣ ва ду адад ҳавзи захиравӣ ҷойгир буда дар ҳолати барои истифода омода қарор дорад. Дар қисмати болоии микроноҳияи 3-юми шаҳр боз 2 адад ҳавзи захиравӣ мавҷуд мебошад.
Дар сурати бакорандозии иншооти номбурда мушкилоти таъминоти оби нўшокӣ дар микроноҳии 3-юм ва ҳатто атрофи он пурра бартараф карда мешавад.

Ширкат оянда кўшиш менамояд, ки мушкилоти мавҷуда бартараф ва соати обрасониро боз зиёдтар намояд.

Гулсара Ўрунова сокини микроноҳияи 3-юм изҳор дошт, ки таъминоти оби нўшокӣ хеле беҳтар шудааст, муҳимтар аз ҳама бо соати муайян бошад ҳам, об таъмин аст. Солҳои қаблӣ ҳафтаҳо об намеомад, касе парво надошт.

Амирҷон Олимҷонов, сокини ҳамин микроноҳия таъкид намуд, ки бо дастгирии Давлату Ҳукумат ва ҷамъият барои маъюбон ва ятимон таъминоти об ройгон ба роҳ монда шудааст.

Дар навбати худ, бобати таъмини ўҳдадории шартномавӣ оид ба пардохти саривақтии маблағи об ва истифодаи хатти обгузарӣ дар ихтиёрдошта байни ҶДММ “Хизматрасон-2013” ва муштариён, маълум гардид, ки аз ҷониби гуруҳе аз сокинон беаҳамиятӣ зоҳир гардида, қарзи сокинон дар назди ҶДММ «Хизматрасон-2013» беш аз 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он низ барои таъмини саривақтии оби нўшокӣ таъсири амиқи худро мегузорад.

Бояд қайд намуд, ки таъминоти оби нўшокӣ ба аҳолӣ дар микроноҳияи 3-юм зери назорати доимии роҳбарияти шаҳр қарор дошта, мушкилоти мавҷуда марҳила ба марҳила бартараф гардида, дар ояндаи наздик чун дигар сокинони маҳаллаҳои шаҳр дар ин микроноҳия низ таъминоти шабонарўзии оби нўшокӣ ба роҳ монда мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...