(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз фаъолияти КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" боздид ба амал оварданд.

Нахуст Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳолати иҷрои дастуру супоришҳои сафари қаблии ироагардида, яъне оид ба корандозии техникаву таҷҳизоти азкормонда пурсиш ба амал овард.

Иттилоъ дода шуд,ки агар як моҳ қабл ҳамагӣ 11 адад техникаҳои партовкашонӣ ба мардум хизмат менамуданд, баъди супориши Роҳбари вилоят ва чораандешии қатъӣ шумораи техникаҳои партовкашонӣ ба 18 адад ва маҷмуан дигар техникаҳои ёрирасонӣ корхони КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" ба 27 адад расонида шуд. Ҳамзамон дар ҳудуди корхона корҳои созандагӣ ва ободонӣ вусъат дода шуда, сохтмони парки таъмири автомашинаҳо бо харидории таҷҳизоти лозима ба анҷом расонида шуд.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо ва таҳкими робита бо ҷомеа бо супориши роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд дар шабакаи whats app бо рақами 927722303 телефони арзу шикоят фаъол гардид, ки аллакай мардум боэътимод муроҷиат ва аз ҳалли мушкилоташон қаноатмандӣ зоҳир намуда истодаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон дастур дод, ки то охири моҳи соли ҷорӣ дигар техникаҳои боқимондаи КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" аз таъмири куллӣ бароварда шуда, баҳри хизматрасонии мардум сафарбар карда шавад.

Таъкид шуд, ки дар баробари афзудани шумораи аҳолӣ ва меҳмонони шаҳр, баланд гардидани сатҳи зиндагӣ ҳаҷми партов низ дар муқоиса ба солҳои пешни зиёд гардида, масъулияти корхонаи партовкашониро дучанд намудааст. Гузашта аз ин, ҳамарӯза шумораи зиёди сайёҳон ба шаҳр ворид гардида, ба тозагии муҳити он баҳо медиҳанд, ки масъулин бояд ҳамеша шаҳрро мунаввару тоза нигоҳ доранд. Фарҳанги шаҳрнишинии шаҳрро низ бояд боло бурд.

Ба роҳбарияти корхона дастур дода шуд, ки ба шароити кории кормандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда, онҳоро бо сару либоси корӣ таъмин намоянд. Кори доимии кори ошхона, нуқтаҳои шустушӯи нақлиёт ва тамизгардонӣ фаъол гардонида шаванд.

Бояд қайд наамуд, ки КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ягона муассисаи коммуналии шаҳр ба ҳисоб рафта мебошад, ки барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, фаъолият мебарад.
Корхона реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 117 нафар фаъолият дошта, 18 адад нақлиётҳои партовкашон ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар дошта, партовҳоро саривақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.

Ҳамарӯза партов тибқи реҷаи муайян, яъне басти аввал: аз соатҳои 5:00 то 12:00, басти дуюм бо усули бонгӣ, яъне дар дохили маҳаллаҳое, ки партовҷойи муайян надоранд соатҳои 8:00 17:00 ва басти сеюм аз 17:00 то 24:00 муқаррар шуда, дар ин замонҳо партовҳо бароварда мешаванд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...