(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз мардуми сарабаланди шаҳри бостонии Хуҷанд бо баргузории чорабинии тантанавӣ дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд 32-юмин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу фараҳмандӣ истиқбол намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода маҷлиси тантанавиро ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо ҷашни фархундаи миллат табрику таҳният гуфт.

Сипас, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба таҷлили 35 солагии Истиқлолият, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамагонро бо ҷашни умумиллии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки мо аз оғози соҳибистиқлолӣ ба ташаккул додани асосҳои сиёсати хориҷии кишвар шурӯъ карда, тавассути андешидани силсилаи тадбирҳои муассир мақому мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона таҳким бахшидем. Дар натиҷа имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф буда, сиёсати хориҷии мутавозину пайвастаро, ки асоси онро усули “дарҳои кушода” ташкил медиҳад, татбиқ месозад. То имрӯз дар арсаи байналмилалӣ се ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об дастгирӣ ёфт ва татбиқ гардид. Ҳоло иқдоми чоруми кишвари мо оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем, дар ғафлат намонем, заҳмат кашем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷой орем.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода Паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 32 солагии Истиқлоли давлатӣ ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешад: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият фароҳам овард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо дастоварду комёбиҳои беназир Ватани маҳбубамонро ба марҳалаи сифатан нави рушд расонанд.

Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: “Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд”.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки Истиқлол арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба ҳисоб рафта, Тоҷикистони азизамон маҳз ба туфайли он ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардид ва мавқеи шоистаи худро дар байни кишварҳои мутамаддин соҳиб шуд. Истиқлол нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон мебошад.

Тавре, ки аз таърихномаи миллат аён аст, мардуми шарифи тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва ин ҷанги бемаънӣ барои аз байн рафтани миллати тоза ба истиқлолият расида, замина гузошт. Хиради азалии мардуми тоҷик боло гирифт ва дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва барпо гардид, ки дар он марди ҷасуру ватанхоҳ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданд. Бо сиёсати дурбинонаву оқиланаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ нуқта гузошта шуд..

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки агар ба марҳилаи рушди 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, густариши сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дар маҷмўъ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мустақил зуҳур кардани Тоҷикистони азиз аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.

Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.»

Истиқлолияти мо рамзи гўёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандўстии мо мебошад.

Сарбаландию хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрўзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ мебахшад.

Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерўи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати Истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик тасмияти сиёсӣ пайдо намуд.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 32-солагии Истиқлолияти худро дар шароити идома доштани равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва дунёи пур аз тазодҳо таҷлил менамояд. Барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ, аҳли ҷомеа бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳанд, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоянд ва Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд. Бино ба таъкиди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Истиқлолият ва Ваҳдат ду мафҳуми муқаддасу бо ҳамдигар пайванд мебошанд. Дар робита ба ин таъкид менамоям, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.

Имрўз дар ҳаёти Тоҷикистони соҳиб-истиқлол бо шарофати сиёсати ободгаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода марҳилаи нави бунёдкорӣ фаро расидааст.

Пиру барнои тамоми ҷумҳурӣ, аз ҷумла сокинони баору номуси шаҳри Хуҷанд ин сиёсати созандаро дастгирӣ намуда, сидқидилона таъкид мекунанд, ки қадами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷаста аст. Ҳар сари қадам нишон аз пешрафту бунёдкорист ва онҳоро метавон аз чеҳраи ҳар як сокини мамлакат мушоҳида кард.

Маҳз бо шарофати истиқлолият чун дар тамоми минтақаи кишвар дар Хуҷанди бостонии мо низ корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза дорад.

Шаҳрдор гуфт, ки Хуҷанд, ки шаҳри саноатист, рушду нумўи онро бе пешрафти ин соҳа тасаввур кардан амри муҳол аст. Аз ин рў, соҳаи саноат асоси рушди иқтисодиёти шаҳр маҳсуб мегардад. Ин аст, ки айни ҳол дар қаламрави шаҳр бисёр корхонаҳои хурду калони саноатии дорои шаклҳои гуногуни моликият фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави шаҳр зиёда аз 200 адад корхонаи хурду бузурги саноатӣ арзи ҳастӣ намуд, ки аксари онҳо фаъолияти худро бо дуои неку файзбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз кардаанд.

Ҳаёти фарҳангии шаҳрамон, дар заминаи арзишҳои миллӣ такмил ёфта истодааст, ки он далели раднопазири самараи неки Истиқлол маҳсуб мешавад.

Ин дастовардҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгароёна дар солҳои наздиктарин барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва рўзгори ободро фароҳам меоварем.

Мо бояд бо дарки масъулияти баланд, имони комил ба муқаддасии ҳастии ватан якҷоя камар баста, диёрамонро боз ҳам обод ва сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.

Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Ватан дар баробари модар муқаддас буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда мебозад, зеро бидуни Ватан инсон бе сарнавишт ва бе қурбу манзалат аст».

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳи Хуҷанд Фирдавс Шарифзода гуфт, ки Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни чуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирўзу имрузу фардо, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири пешрафти давлату миллат ва ободии сарзамини аҷдодист. Дар марҳилаи кунунӣ ҳар як фарди ҷомеаро зарур ва қарз аст, ки муҳофиз ва нигоҳдори Истиқлолияти давлатӣ бошад ва бо эҳсоси саршори ватанхоҳию сулҳпарастӣ онро ба наслҳои комили оянда ба мерос гузорад. Бигзор парчами пурҷилову нурафшони истиқлол замири хурду бузурги Ватанро то абад мунаввар гардонад ва муҳаббати Тоҷикистони маҳбубамонро дар қалби ҳар фарди бонангу номус ҳамеша фурўзон нигоҳ дорад!”.

Сипас ба қатор пешсафони соҳа Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияди давлатии вилояти Суғд ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Барномаи рангини фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...