08 Сентябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Ба ифтихори 32 - юмин солгарди рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар толори калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки устодон ва шогирдони ин боргоҳи маърифат чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Дилафрӯз Саидӣ аҳли нишастро бо ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳар сол санаи 9 сентябр халқи азизи кишвар бо ифтихору сарбаландӣ ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунанд. Ин ҷашн дар баробари ваҳдати миллӣ барои халқи мо азизу муқаддас аст. Чунки ба шарофати истиқлолият Тоҷикистонро аҳолии сайёра бо расмият шинохт.
Забон, фарҳанг, урфу одати моро ҳамчун мероси бойи таърихӣ эътироф намуданд. Имрӯз бо гузашти 32 сол аз соҳибистиқлолии мамлакат аҳолии мамлакат бо муҳаббату самимияти беандоза Роҳбари давлатро дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд. Зеро бо заҳмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рӯ ба ободонӣ мениҳад. Марҳила ба марҳила татбиқ шудани чор ҳадафи стратегии мамлакат, бунёди садҳо иншооти иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд гардидани обрӯ ва мақоми кишварамон дар арсаи байналмилалӣ ва дар ин замина мизбони чандин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардидани мамлакати мо самараи меҳнати ҳалоли аҳолӣ бо роҳбарии Сарвари давлат аст.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ бо устодони фаъол, ғолибони олимпиадаву дигар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҷоизадорони даври шаҳриву вилоятии озмунҳои “”Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати донишкада тақдим карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ шогирдони донишкада бо шеъру тарона ва рақсҳои дилошӯб хотири аҳли нишастро шод намуданд.