06 Сентябр 2023
Дар толори Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Суғд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо донишҷӯён ва устодони ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқотро директори филиали донишгоҳ дотсент Манучеҳр Садриддинов ифтитоҳ бахшида, ҳадафи мулоқотро шарҳ дод.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар баромади худ аз хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. Ҳамчунин ба ҷавонон таъкид намуд, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсии худро аз даст надода, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.
Ҳамин тариқ, мулоқот дар фазои озод ва ҳусни тафоҳуми тарафайн анҷом пазируфт.