02 Сентябр 2023
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рўзи дониш ба дидорбинии чанд нафар собиқадорони соҳаи маориф рафтанд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни дидорбинӣ бо собиқадори маорифи шаҳри Хуҷанд, омўзгори фанни таърих, ки зиёда аз 50 сол ба хонандагон таълиму тарбия додааст Файзинисо Ғафуроваи 90 сола, омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, ки беш аз 50 сол инҷониб ба хонандагон дарс дода истодааст Тавҳида Баҳриддинова ва омўзгори фанни физика ва математика, Роқия Тошматова, ки зиёда аз ним асри ҳаёти худро ба омўзишу ба камолрасонии хонандагон сарф намудааст, таъкид дошт, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва умуман, ба кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд. Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд. Дар ин саммт нақши собиқадорони соҳа бориз аст.
Зикр шуд, ки бузургтарин рисолати падару модар ва вазифаи муқаддаси ҳар як оила, мактаб ва ҷомеа аз он иборат аст, ки фарзандонамонро, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ тарбия намоем, то ки онҳо ҳамчун шаҳрвандони бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, дорои ахлоқу одоби ҳамида, донишманд ва ҳунарманду соҳибкасб ба воя расанд.
Аёдатшудагон, Файзинисо Ғафурова, Тавҳида Баҳриддинова ва Роқия Тошматова аз ин таваҷҷуҳ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки то ҷон дар рамақ доранд, баҳри тарбияву ба камолрасонии насли наврасу ҷавон ҳиссагузрӣ хоҳанд намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд