01 Сентябр 2023
Субҳи имрўз дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла гимназияи хусусии “Ганҷ” соли нави таҳсили 2023-2024-ро бо шодиву нишот истиқбол намуданд.
Зимни суханронӣ муассис ва маъмурияти муассисаи ғайридавлатии гимназияи хусусии “Ганҷ” иброз доштанд, ки ҳамасола бо дарси сулҳ оғоз намудани соли нави хониш дар кишвари мо ба яке аз анъанаҳои нек табдил ёфтааст. Бояд гуфт, ки мо – мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд.
Маҳз бо сабаби он, ки сулҳу оромӣ барои зиндагии инсон аҳаммияти ҳаётӣ дорад ва хусусан, дар шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир мо бояд ба хотири ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, инчунин, барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва дигар омилҳои хатарзо беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошем.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем.
Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалї Раҳмон масъалаи баланд бардоштани саводнокиву маърифатнокии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон, рушди таҳсилоти олии касбӣ, пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисон, тавсеаи доираи ихтисосҳо ва ҷустуҷӯву дарёфти роҳу усулҳои наву пешрафта дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.
Пешвои миллат борҳо таъкид менамоянд, ки “Давлатро кадрҳои донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ватанпарвар обод мекунанд”.
Ватан ва давлатро ҳаргиз бо ҷаҳлу бесаводӣ пеш бурдану соҳибӣ кардан имкон надорад. Зеро ҷаҳолату бесаводӣ фақат бадбахтиву нокомӣ меоварад. Дар ҷаҳони муосир бе дастрасӣ ба илму инноватсияи муосир, техникаву технологияҳои пешрафта ва ташаккули ҷаҳонбинии илмиву техникӣ таъмин кардани пешрафти кишвар умуман имкон надорад.
Сипас муассис, маъмурият ва аҳли омўзгорон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ тариқи оинаи нилгун тамошо карданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд