22 Август 2023
Недоступен ни однин перевод.
Баъди нашри маводи шаҳрванд Марҳабо Алимова дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" оид ба муносибати дағалонаи ронандаи хатсайри № 57 фавран аз тарафи бахши нақлиёт ва алоқаи шаҳри Хуҷанд ва дигар мақомоти марбута тадбирҳои амалӣ андешида шуд, ки то ин ки амали чунин ронандагони маданияти шаҳрдориро вайронкунанда пешгирӣ ва нисбаташон ҷазо дода шавад.
Маълум гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер” рақами қайди давлатиаш 8174 ТТ02 хатсайри №57 "Масчити Сурх- 8-12 мкн" Мирзорустам Юсупов буда, воқеан ҳам ҳангоми эҳсосот нисбати мусофирон дағалона рафтор намудааст ва аз кирдори хеш пушаймон мебошад. Ин ронанда аз дигар ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳаргиз чунин кирдорро содир накунанд, зеро ҳар яке амалеро подошест, бахусус агар ҳуқуқи нафари дигареро поймол созанд.
Аз тарафи ҶДММ "Газелранскомпания", ки хатсайри мазкур мутаалиқ ба ин ширкат аст, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер” рақами қайди давлатиаш 8174 ТТ02 хатсайри №57 "Масчити Сурх- 8-12 мкн" Мирзорустам Юсупов тибқи қонунгузорӣ ҷазо дода шуд.
Ҳамчунин нисбати ронанда аз ҷониби ШБДА ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд мавод таҳия гардидааст ва аз натиҷааш маълумои иловагӣ дода мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд