(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик буда, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намудааст. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади олии ҳуқуқиест, ки сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад.
Имрӯз мардуми шарафманди Хуҷандро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати фаро расидани 20-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям.
Чи хеле ки Сарвари давлат, Ҷа-ноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсияи мо ба мисли чароғи раҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун месозад. Он меҳварест, ки тамоми нерӯҳои созандаи кишварро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид менамояд».
Аз ин рӯ, сараввал оиди таъриху нақш ва мақоми ин санади муҳиму тақдирсоз андешаҳои худро гуфтаниам.
Муҳокима ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти Ҷаноби Олӣ дар ҳайси Сарвари давлат аз Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд. Сарвари тозаинтихоби давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосия баромад намуда, мақсади худро оид ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қотеъона эълон намуданд, ки ин андеша дар моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар инъикос ёфта, роҳи минбаъдаи рушду такомули давлатдории навини тоҷиконро муайян намуд.
Таҳияи Конститутсия аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат дар шароите ҷараён гирифт, ки вазъияти муташанниҷ дар кишвар идома дошт.
6 ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Конститутсия ҳамчун санади воқеан таърихиву муқаддаси давлату миллати тоҷик ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа дар таҳкими сохти нави давлатдорӣ нақши муҳим бозид.
Бо қабул гардидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз вазъи номӯътадил ва номуайяни ҳуқуқие, ки ҷомеаро фаро гирифта буд, бартараф гардид.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути он аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Конститутсия ҷомеаро муттаҳид сохт ва ин сарҷамъӣ таҳти сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи арзишманду нодири охири қарни XX-фарҳанги сулҳи тоҷиконро эҷод ва ба амал татбиқ намуд. Ин таҷрибаи нодири оламиёнро ба ҳайрат гузошта, мавриди омӯзишу татбиқ дар арсаи байналмилалӣ қарор гирифт.
Қабули Конститусияи (Сарқонуни) Тоҷикистони тозаистиқлол тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлатро дар ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимоӣ ва дорои низоми демократӣ будани он ифода намуд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз Федератсияи Россия қабул шуд, мувофиқи таҳлили Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар радифи 5 конститутсияи беҳтарини аъзои ин созмон эътироф шудааст.
Чуноне Сарвари давлатамон таъкид намуданд, муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз беҳтарин падидаҳои конститутсияҳои мамолики мутамаддин бархӯрдор буда, таҷассуми давлату давлатдории мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ва меъёрҳои эътироф гардидаи байналмилалӣ мебошад.
Бо мақсади таъмини ваҳдати миллӣ, такмили давлатдории навини тоҷикон тасмим гирифта шуд, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.
26 сентябри соли 1999 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конс-титутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда асосан ба масъалаҳои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, Маҷлиси Олӣ ва салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста буданд.
Аксарияти тағйиру иловаҳои ба боби сеюми Конститутсия (Сарқонун) ворид карда шуда, масъалаҳои интихоб, фаъолият ва салоҳияти яке аз рукнҳои асосии сохтори сиёсии кишвар - мақоми олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҷлиси Олӣ дар бар мегирифт.
Дигаргуниву иловаҳои саривақтӣ ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси тағйир ёфтани мақоми конститутсионии парламенти Тоҷикистон гардида, дар таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳиб-истиқлол аввалин маротиба Парламенти думаҷлисаи касбӣ таъсис дода шуд.
Ҳамчунин бо мақсади ба тала-боти давру замон мутобиқ наму-дани Сарқонуни кишвар 22 июни соли 2003 оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Консти-тутсияи (Сарқонуни) мамлакат райъпурсии умумихалқӣ гузаро-нида шуд.
Аҳамияти муҳими сиёсии такмилдиҳии Конститутсия пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардид, ки Тоҷикистон ба қатори  мамлакатҳои аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқҳои фитрии инсон пешрафта ворид гардида, дар эъмори давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ қадамҳои устувор мегузошт.
Хислати намояндагӣ пайдо намудани демократия, озодии изҳори ақида ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, дастрасии сарчашмаҳои гуногуни воситаҳои ахбори умум, фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ исботи ин гуфтаҳост.
Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди ислоҳоти конститутсионӣ баҳои сазовор дода, зикр доштанд «такмили Конститутсия ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем».
Бо боварӣ метавон зикр дошт, ки алҳол дар кишвари азизамон барои тавсеаи ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ шароитҳо мувофиқу созгор буда, марҳилаи тозаи пайкорҳои наҷиб, офарандагиву бунёдкорӣ, эҳёи ҳақиқии тамаддуни миллӣ бо рӯҳияи баланди ватандорӣ идома дорад.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо эътирофи ҳастию амали Сарқонун мо ба дастовардҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ мушарраф шудем.
Қабули Конститутсия ин воқеаи барҳақ таърихиву тақдирсоз буд. Мо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба аҳли олам тавлиди давлати навини демократии ҳуқуқбунёду дунявиро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани халқи кишварамонро эълом доштем. Президенти худро ҳамчун кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории давлат, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шахсияти сарвари бо маънои томаш ҷонфидову халқпарвар ва некандешу ояндабин Эмомалӣ Раҳмон интихоб намудем.
Аз ин лиҳоз, солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти санаҳои тақдирсози халқу миллат ва кишвар – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ мавқеи хосаи ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию маънавиро дорост. Мояи ифтихор аст, ки таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ Сарқонуни моро аз ҷумлаи демократитарин ва инсонпарва-ронатарин конститутсияҳо арзёбӣ намуданд ва имрӯз ҳам ин ақида тағйир наёфтааст. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқро эътироф мекунад.
Мо аз қабули Конститутсия то ба марҳилаи кунунӣ роҳи бузургеро тай кардем. Он роҳи расидан ба мақсадҳо – аз ҷанг то ба сулҳ, аз сӯхтанҳо то ба сохтанҳо аз ноумедию шукуфоӣ ва билохира мавқеи устувор пайдо кардани Тоҷикистон дар арсаи байнал-милалӣ ва манзалати худро дарёфтани халқи тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонист.
Дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, ки дар солҳои Истиқлолият ва баъди қабули Конститутсия ба вуқӯъ пайвастанд, шаҳодати дурусти роҳи интихобкардаи Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат, азму иродаи матини халқ ва миллати тоҷик аст. Мисоли инро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти овозадори Суғд, як гӯшаи шукуфони Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар азми сокинони сарбаланду меҳнатқаринаш баҳри ободии диёр, созандагию бунёдкорӣ, афзунгардонии иқтидори иқтисодии мамлакат ва беҳдошти сатҳи рӯзгор мушоҳида кардан мумкин аст.
Аз рӯзи қабули Қонуни асосии кишвар, давоми 20-сол дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ пайвастанд, ки баробари бист соли қадамҳои устувор дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд мебошад.
Хушбахтона, ба шарофати қабули Сарқонун ва соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 1100 қонуни нав қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Самараи азму талошҳо ва сиёсати дурандешонаи Президенти кишвар ва дастгирии ҳамаҷонибаи халқи заҳматкаши тоҷик, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1300 корхонаи саноатӣ, 1500 мактабҳои нав, садҳо иншооти ҳаётан муҳими тиҷоратию иқтисодӣ, корхонаҳои муштарак, роҳу пулҳо, нақбҳои дорои аҳамияти дохиливу байналмилалӣ ба истифода дода шуданд.
Конститутсия давлати моро ҳамқадами давлатҳои пешрафта гардонд. Бо Конститутсия мо тавонистем рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатиамонро таъмин намоем.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар саросари олам бо Конститутсияи тақдирсоз, мардуми заҳматпешаю меҳмоннавоз, бо табиати зебою афсонавӣ, обҳои зулол, кӯҳҳои осмонбӯс ва сиёсати сулҳҷӯёнаашон маълуму машҳур гардонданд. Ба шарофати истиқлолият ва тибқи Конститутсия мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Бо шарофати истиқлолияти мамлакат ва ба пешвози 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қаламрави шаҳр низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд.
Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯз дар фазои сулҳу осоиш ва тинҷию амонӣ умр ба сар мебарему созандагӣ мекунем ва дар рушду нумӯи кишвари азизамон, эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ, ки рукни асосии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, саҳм мегирем. Чунин кафолатро ба мо Конститутсия – бахтномаи миллат додааст.
Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 20 сол аз қабули Конститутсия (Сарқонун)–и Ҷумҳурии Тоҷи-кистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикони олам, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.
Таҳкими минбаъдаи давлатдории миллиамон, қабл аз ҳама, аз эҳтиром, риоя ва татбиқи самараноки меъёрҳои Конститутсия аз ҷониби кулли шаҳрвандон вобастагии ногусастанӣ дорад.
Мутобиқи муқаррароти моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Меъёри муқаррар-намудаи Конститутсия ҳифзи Ватанро вазифаи ҳам консти-тутсионӣ ва ҳам маънавии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст. Ҳифзи Ватан ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳудуди ҷуғрофӣ, сарвати табиӣ, пуштибонӣ аз маҳсули эҷодиву фарҳангии наслҳои пештара, фарҳанги аҷдодӣ ва мероси таърихиро дар назар дорад. Он ба хотири рушди давлати миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амният  ва иқтидори мудофиавии давлат, ободонии кишвар, ҳаёти хушбахтонаи наслҳои ҳозира ва оянда амалӣ карда мешавад.
Итминони комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷўҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо ҳамшаҳриёни азиз, бо шаҳомату кўшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории фарзандон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон саҳмгузор гардида, парчами Тоҷикистонро партавафшон менамоед.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар бо солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон сокинони Хуҷанди бостониро табрику муборакбод гуфта, ба шумо пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно менамоям.
Орзу мекунам, ки Ватанамон ҳамеша обод, эътибораш доимо афзун ва мардумонаш некрӯзу комрон бошад.
Ин ҷашни муқаддас, 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...