(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳар он чӣ руст, он шоҳона рӯяд,
Сухан гӯяд агар, Фарзона гӯяд.
Шоири халқии Тоҷикистон, устод Фарзонабону дар таърихи адабиёти навини тоҷик ҳамчун мӯътақид ва эҳёгари ҷанрҳои анъанавии назм-ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ маъруфияти тамом дорад. Зеро ӯ аз нахустин қадамҳои эҷодиаш дар баробари таълифи шеъри ҷадид ба осори бегазанди классикони адабиёти тоҷику форс, хоса эҷодиёти Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд ва аз мактаби нодири адабии ин суханварони бузург асрори сухан, дарси ҳунар, дарси маҳорат омӯхт ва ин таҷрибаро дар ҷараёни фаъолияти адабии хеш пайваста ба кор гирифт.
Шоистаи зикр аст, ки дар охири асри ХХ Тоҷикистони азизи мо Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда, майдони суханварӣ вусъат ёфт. Ба адибони кишвар муяссар гардид, ки аз меъёрҳои расмии идеологӣ раҳо шуда, ба шарҳу тавзеҳи таърихи пурифтихор, арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарuиби ойини худшиносиву худогоҳӣ машuул гарданд.
Сиёсати фарҳангиву фардоофарини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси равнақи ҳамаҷонибаи адабиёт, таъсиси мактабу доираҳои адабӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон гардида, тамоми имкониятҳои муносибро барои аҳли адаб бунёд ниҳод.
Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рeдакӣ Фарзонабону вориси арзандаи устодони бузурги адабиёт маҳсуб меёбад. Ин суханвар тавонист, ки дар замони камолоти ҳунарии шоирону қаламкашони машҳури давр худро ба унвони нигорандаи тозапардозу тозаэҷод маълум созад.
Шаҳбонуи шеъри кунунии тоҷикӣ Фарзонаи Хуҷандӣ хонандагону мухлисонашро дар шеъраш барои рафтан ба олами боло, ҷониби арши кибриё, ба олами маънавиёту маърифатӣ, ба равзанаи нур, барои расидан ба субҳ ва дунёи  зебоию покӣ, ба баҳор, ба шабнаму борони раҳмат ва фардои нозанин даъват ва тарғибу ташвиқ мекунад. Ӯ беҳтарин, сахттарин, пурдардтарин лаҳзаҳои зиндагиро шоирона мебинад, шоирона дарк мекунад. Дили зебопарасташ зебо мебинаду зебо мегӯяд.
Таъсиси саҳифаи адабии нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд “Тирози ҷаҳон” бо унвони зебандаи «Арҷанг» мебошад, ки бунёдгузор, бонӣ ва бонуи арзандаи он нобиғаи ин айём Фарзона  аст. Зиёда аз 60 саҳифаи “Арҷанг” ба ашъори беҳтарин шоирони тоҷикзабони шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз онро ба муштариён пешкаш гардонд.
Ҳоло ин бонуи фазлу дониш, ҳикмату маърифат, саррофи сухан ва гавҳаршиноси истеъдодҳо муовини раиси Кумитаи вилоятии ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Fафуров ва узви ҳайати таҳрири чанд рeзномаву маҷаллоти бонуфузи кишвар аст.
Фарзона чун шоираи баркамол дар арсаи адабиёти муосири тоҷик мавқеи хоса дорад. Шеърҳои Фарзона баёнгари андеша, эҳсос, эътиқод, одобу русум аст, ки адабиёти муосири тоҷикро дар сатҳи воло ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Маҳз ҳунар ва истеъдоди Фарзонабону аст, ки ашъори ӯ дар дилу дидаҳои хонандагон маъво дорад. Мутмаинем, тасвирҳои шоирона, хулосаҳои аҷиб ва андешаҳои мондагори Фарзонабону мӯҷиби ифтихору шоистаи таҳсини натанҳо имрӯзиён, балки ояндагон низ хоҳад буд.
Доираи мавзӯъоти ғазалиёти шоираи маъруф ва маҳбуби давр Фарзонабону хеле фароху доманадор буда, тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву маънавӣ, таърихи халқу миллат ва кишварро фаро гирифта, тараннуми Ватан, модар, бузургони илму адаб, хислатҳои ҳамидаи инсон, накӯҳиши бадиву хиёнат, тавсифи дӯстиву рафоқат, некиву накӯкорӣ, тарғиби анъанаву суннатҳои миллӣ, парастиши адлу инсоф, ҳиммату ҷавонмардӣ, ишқу муҳаббати поки инсониро инъикос менамояд.
Хидматҳои Фарзона борҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хоса Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қадршиносӣ мегарданд. Ин аст, ки ҳоло ин бонуи нуктадону фазилатпеша дорандаи унвони олии “Шоири халқии Тоҷикистон" (2001), Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Турсунзода (1995), Ҷоизаи Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон  (1994), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абeабдуллоҳ Рeдакӣ (2008) ва ордени “Шараф” (1999) мебошад.
Ҷойи тазаккур аст, ки Фарзона ҳамчун узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарбияи адибони ҷавон, тасҳеҳу таҳрири осори онҳо ва камолоти маънавии насли нави сухандону суханшинос нақши намоён мегузорад.
Мо аз он сарбаландем, ки бо ин гавҳари пурқимати шеъру сухан, шоири маъниҳои барҷаста, устоди сухан, адиби тавоно, рангинхаёл ва чеҳраи маъруфи адабиёти оламшумули адабиёти тоҷику форс Фарзонабону ҳамзамон ҳастем.
Фарзонабону дар рушду равнақи адабиёти тоҷик саҳм гузошта, дар муаррифии таъриху фарҳанг ва афкори бадеии мардуми соҳиб-тамаддуни хеш нақши муассир дорад.
Хонум Фарзона, Шуморо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо санаи масъуди умр - 50-солагии мавлудатон сидқидилона муборакбод намуда, бароятон умри пурбаракат,  саодати зиндагӣ, сарбаландии аҳли хонадон  ва  қуллаҳои баланди эҷодиро орзумандам.
Зодрӯзатон муборак, адибаи беҳамто ва гавҳари шаҳвори замон!



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...