12 Август 2023
Недоступен ни однин перевод.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҳар сол чун анъана якшанбеи дуюми моҳи август дар қаламрави кишварамон – Тоҷикистони маҳбуб Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил мешавад. Ба ин муносибати нек кулли собиқадорон ва сохтмончиёни бунёдкорро бо иди касбиашон – Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод намуда, барояшон тандурустии комил, рӯзгори ободу шоиста ва дар заҳмати созандаву пурифтихорашон муваффақиятҳо хоҳонам.
Аслан мафҳуми созандагию бунёдкориро ҳам ба сохтани иморат, бунёди шаҳру деҳот ва ҳам ба тафаккури покизаи инсонӣ, обод кардани иморати зиндагӣ, бунёдгузории ҳаёти нав нисбат медиҳанд. Аз ин хотир, рӯ ба созандагӣ овардани мамлакат, бунёди даҳҳо иншооти таъйиноти иҷтимоию маишӣ ва фарҳангӣ, торафт ободу зебо гардондани манзилу макон нишони тинҷию осоиш, устувории сулҳу амонӣ ва хотири ҷамъи мардум аст. Хеле ифтихор мекунем, ки ин рисолат тавассути сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва меҳнати софдилонаву арзандаи сохтмончиёни чирадаст бо мазмуну мантиқи нав идома меёбад.
Давоми чанд соли охир қомат афрохтани биноҳои таъйиноти иҷтимоию истеҳсолӣ, таъмири кӯчаю роҳ, бунёд ёфтани даҳҳо иншоот, хиёбону гулгаштҳо, мактабҳои замонавӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки ба ҳусни маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри бостонию ҳамешаҷавони Хуҷанд ҳусни тоза зам мекунад, эъҷози дастони зебоиофари бинокорон ва рисолати азалии авлоду аҷдоди сарбаланди мо мебошанд.
Муҳандисон ва сохтмончиёни шаҳр бо рӯҳияи баланд аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат баҳри гулгулшукуфию сарсабзии диёрамон садоқатмандона меҳнат мекунанд. Ба муносибати истиқболи шоиста ва арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр 590 иншооти таъйиноташ гуногун ба нақша гирифта шудааст ва аз ин рақам дар шашмоҳаи аввали соли равон 81 адад иншоот бунёд ва сохтмони 91 иншоот идома дорад. Бо дастони шумо, сохтмончиён, 2 иншооти соҳаи маориф, 4 иншооти соҳаи тандурустӣ, 11 иншооти варзишӣ ва 21 бинои савдову хизматрасонӣ, 7 бинои истиқомативу 34 иншоот дар соҳаи саноат ва ду бино дар соҳаи дигари иҷтимоӣ бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ шуда, мавриди истифода қарор доранд. Ин аст, ки дастовардҳои меҳнатии кормандони соҳа ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ на ба ҳисоби фоиз, балки ба маротиб афзуда истодааст, ки боиси ифтихори ҳар сокини ин Хуршедшаҳр мебошад.
Дар ин рӯзи гиромидошт ва арҷгузорӣ ба муҳандисону созандагони симои нави Тоҷикистони соҳиб-истиқлол, сарбаландию некномӣ ва дар иҷрои кори пуршарафашон барору комёбиҳо таманно дорам.
Идатон муборак, бинокорони гулдасти Ватан!