(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Тантанаи гусел: Ҷавонон ихтиёран ба хидмат мераванд

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1986 - 1995 ба хизмати ҳарбц», Қарори Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1986 – 1995 ба хизмати  ҳарбц  дар моҳҳои  апрел-майи  соли  2013», ҳамчунин қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов даъвати баҳоронаи ҷавонон ба хидмати ҳақиқии ҳарбӣ оғоз гардид.

Ба муносибати гусели нахустгурӯҳи даъватшудагон иборат аз 40 нафар аз шаҳри Хуҷанд, ки аксарият ихтиёран ва бо хоҳиши хеш номнавис шудаанд, дар майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар он садҳо нафар шаҳрвандон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони идораву муассисаҳо, устодону толибилмони мактабҳои миёнаву олӣ иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки имсол бори нахуст чунин ҷамъомад дар ин мавзеи зебову дилрабои шаҳр сурат гирифт. Зеро, аз ин қабл (дар даъватҳои гузашта) чунин чорабинӣ дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳр баргузор мегардид. Аз ин лиҳоз, чорабинӣ ин навбат шукӯҳи дигар гирифт.

Тантанаи гусел: Ҷавонон ихтиёран ба хидмат мераванд

Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов назди ҳозирин сухан карда, аз ҷумла зикр намуд, хушбахтона сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба хидмати Ватан-Модар мераванд, торафт меафзояд. Барои хидмати афсарону сарбозон дар қисмҳои низомии мамлакат бо дастгириву ғамхориҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит муҳайё гардидааст.

Бовар дорем, ки бар ивази ин ҳама меҳрубониву ғамхориҳои Сардори давлат ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, бахусус ҷавонони бо нангу номус барои дифои марзу буми Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зеро, хидмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як инсони ватандӯст ва ифтихори бузург аст.

Умед дорем, илова намуд Раиси шаҳр Р.Каримов, Шумо-даъватшавандагони соли 2013 бо баробари шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро дилгармона ва содиқона ба ҷо меоваред.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз дар қисмҳои низомӣ тамоми шароит барои хизмат муҳайё гардидааст. Яъне, афсарону сарбозон бо сару либоси низомӣ, хӯроки гарму болаззат ҳамаҷониба таъмин мебошанд. Ин суханҳоро худи падару модарони хизматчиёне, ки аз рафти хизмати фарзандонашон дар қисмҳои низомии гарнизони Душанбе, вилояти Хатлон ва водии Рашт дидан карданд, борҳо зикр намуданд.

Дар фарҷоми сухан Раиси шаҳр ба ҳамаи навдаъватшавандагон, ки ба хизмати Модар-Ватан дар сафи Артиши миллӣ сафарбар мегарданд, роҳи сафед, хизмати аъло ва тансиҳативу сарбаландиро таманно намуд.

Сипас муовини комиссари ҳарбии вилоят, полковник Носирҷон Тошматов, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Ҳабибулло Хоҷаев, ҷанговари интернатсионалист Ҳасанҷон Каримов, модаркалони даъватшаванда Амирҷон Саидов Алияхон Саидова ва ҷавони навдаъватшуда Раҳматҷон Неъматов сухан гуфта, қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди ватандӯсту меҳанпарвар будани хидмат дар сафи Артиши миллиро баён намуданд.

Тантанаи гусел: Ҷавонон ихтиёран ба хидмат меравандСипосномаи командири қисми низомии 12019 полковник Иззатов, ки ба унвони падарони ду нафар сарбозони қисми низомӣ барои тарбияи хуб ва саривақт ба хидмати ҳақиқии ҳарбӣ фиристоданашон расидааст, қироат карда шуда, барояшон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон, дар вазъияти тантанавӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба ҳар ҷавони навдаъватшуда тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро супорид.

Қисми фарҳангии чорабиниро саҳначаи омода намудаи донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр бо номи «Гусели даъватшаванда ба хидмати ҳарбӣ» ва суруду таронаҳои рӯҳнавози сарояндагони хушсадову соҳибистеъдод ҷилои тоза бахшиданд.

Бовар дорем, ки даъватшавандагони соли 2013-ум чун дар соли 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хидмати ҳақиқии ҳарбӣ шомили Артиши миллии мамлакат мегарданд, боиси ифтихори Ватан-Модар ва ҷомеаи имрӯз хоҳанд шуд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...