24 Июнь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба мумфаршкунии асосии роҳи яке аз кӯчаҳои микроноҳияи 30-юми маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд расман ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дар маросими маъракаи мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Иди Ваҳдати миллӣ ва 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо адад иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сайёҳӣ бомаром идома дорад. Аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ, хатти барқ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, сохтмони майдончааҳои варзишӣ ба ҳусни маҳаллаву шаҳрҳо ҳусни дигар зам намуда истодааст.
Роҳбари вилоят гуфт, ки ин амали хайри мумфаршкунии роҳ дар заминаи дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола дар гӯшаву канори кишвар амалӣ карда мешавад.
Итилоъ дода шуд, ки яке аз кӯчаҳои микроноҳияи 30-юми маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷандҳои беш аз 400 метр бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд амалӣ карда мешавад. Пудратчии корҳо яке аз идораҳои роҳсозии ватанӣ мебошад.
Аҳли микроноҳияи 30-юми маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳр аз ин иқдомоти созандаи Давлату Ҳукумати мамлакат истиқболи гарм намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамагон дар канор наистода, бо ҳамраъйии дастҷамъона диёри хешро то 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу мунаввар менамоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд