17 Июнь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд Абдусаид Қозиев дар хиёбони Исмоили Сомонӣ мағозаи «Домоду арўс» ифтитоҳ гардид, ки дар он асосан маҳсулоти атласу адрас фурўхта мешавад.
Дар ин мағоза дар баробари атласу адрас ҳамзамон ҷомаҳои зардўзӣ, матоҳои гуногуни миллӣ ва зеббахшии занона низ ба фурўш гузошта шудааст. Маҳсулотҳо асосан истеҳсоли коргоҳҳои дохилӣ ва қисман аз хориҷи кишвар мебошад.
Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд дар маросими ифтитоҳи мағозаи мазкур иброз дошт, ки ин ташаббуси соҳибкори ватанӣ як навъ арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ арзёбӣ мегардад. Дар идомаи ин тадбирҳои муҳим мо бояд пайваста талош бар он намоем, ки коргоҳҳои истеҳсол ва дўхти либосҳои миллӣ, аз ҷумла атлас бо усулҳои муосир дар шаклу намудҳои мухталиф ба роҳ монда, фурўши густурдаи онро роҳандозӣ намуда, ба туфайли он фарҳанги миллиамон муаррифӣ намоем Занону духтарони тоҷик бо азбар намудани атласу адрас шукуҳу нусрати либоси миллиро бозтоби равшан мебахшанд, бори дигар ба назокату латофати ин падидаи неки фарҳанги миллии тоҷикон қоил менамоянд, зеро либоси миллӣ таҷассумгари ҳунари дастони эъҷозофарини намояндагони миллати тоҷик аз дуртарин даврони таърихӣ маҷмўан фарҳанг ва суннатҳои хоси тамаддуни миллиро ҷилвагар сохта, то замони мо ин арзишҳоро давом бахшидааст.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ мағозаи “Домоду арўс” ифтитоҳ карда шуд.
Сарояндаи мумтоз Гуласал Пўлодова бо сурудҳои ҷаззоб табъи мизоҷони аввалини мағозаро шод гардонид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд