14 Июнь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрўз бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд тибқи супоориши Роҳбарияти вилоят ва шаҳр бо ҷалби ҷавонону варзишгарон ва кормандони муассисаҳои варзишии шаҳр аксияи тозагии соҳил гузаронида шуд.
Ҳашарчиён асосан соҳили дарёи ""Сир" ва ҷӯйборҳоро аз ҳамагуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо ва алафҳои худруй тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 100 нафар иштирок намуда, дар тозаву хуррам ва ба обонии шаҳр саҳмгузорӣ карданд.
Бояд қайд намуд, ки аксияи мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон алалхусус ҷавонону варзишгарон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд