(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз, яъне 1-уми июн Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Хуҷанд идгоҳро мемонд. Аз субҳи содиқ наврасону ҷавонон бо волидайн ва устодону пайвандони хеш ба сӯйи идгоҳ мешитобиданд. Садои карнаю сурнай ва доира фазои идонаро пуршукӯҳ менамуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҳайати ҳамроҳонашон ба майдони идгоҳ ворид гардида, шодишарики кӯдакон шуданд.

Дар даромадгоҳи боғ тарбиятгирандагони Кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд бо маҳорати хосса ва малакаю истеъдод суруду таронаҳо хонда, саҳначаҳои ҷолиби ватандӯстона нишон доданд.

Аҳли тарбиятгирандакони муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд бо барномаи фарҳангӣ, мааърифатӣ ва варзишӣ табъи меҳмононро болида намуданд.

Аз тарафи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кӯдакон тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ғолибони озмуни Академияи хурди илмҳо ва аъзои он ба Роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати дастгириву ғамхориаш миннатдорӣ баён намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки ба узви ҳақиқӣ ва вобастаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, эшон дар замони таътил ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда шаванд.

Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, хонандагони эҷодкор аз дастовардҳои хеш ба Раиси вилояти Суғд маълумот дода, шеъру таронаҳои эҷодкардаашонро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат ва ғайраҳо ироа намуданд.

«Шаҳраки саломатӣ», ки маҳсули дастранҷи ҷомеаи табибони вилоят буд, аз усулу равишҳои нави табобату муолиҷаи наврасону кӯдакон ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш иттилоъ доданд. Варзишгарони наврасу ҷавони вилоят маҳорати хешро дар гӯштингирӣ, дзюдо, теннис, шоҳмот, шашка, карате ва ғайра нишон дода, ваъда намуданд, ки ҳамеша Парчамбардори меҳнати азизи хеш мегарданд.

Гӯшаи зиндааи табиат, ки аз тарафи муҳассилини макотиби шаҳру навоҳии вилоят омода карда шуда буд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чорабинии тантанавиро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ифтитоҳ намуда, эшонро бо Рӯзи идашон табрик намуд.

Роҳбари вилоят зимни суханронии худ аз ҷумла афзуд, ки «Ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кўдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дорад.

Боиси хурсандист, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар арафаи санаи барои халқу миллати мо муқаддаси Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Боварӣ дорам, ки Шумо, дӯстрӯякон, ҳамчун насли нави фардосози миллат ҷиҳати пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, дар оянда бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоред.

Боиси таъкид аст, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат барои амалишавии орзуву ормонҳои кӯдакон, бахусус бачагони ятиму бепарастор, дилсӯзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суҳбатҳояшон аҳли ҷомеаро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор даъват намуда, барои таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдоми хайрхоҳона зоҳир менамоянд. Дар чорабиниҳои наврӯзии соли равон низ аз ҷониби Пешвои миллат барои 300 нафар ятими кулли шаҳру ноҳияҳои вилоят дастархони идона ороста, туҳфаҳои арзишманд ва маблағҳои пулӣ супурда шуданд.

Инчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи таътили тобистонаи соли 2022–юм 100 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва 200 нафар ғолиби озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба истироҳату фароғат ҷалб карда шуданд. Ин тадбир имсол ва солҳои минбаъда низ идома дода мешавад. Илова бар ин, дар арафаи иди саиди Фитр туҳфаҳои Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла сарулибоси мактабӣ ва варзишӣ ба 654 нафар толибилми мактаб-интернатҳои вилоят аз ҷониби намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуданд.

Барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон табъи ҳозиринро болида намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар тантанаҳои идонаи боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» беш аз 50 ҳазор нафар кӯдакону наврасон бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ иштирок ва бо фараҳмандӣ Иди хешро таҷлил намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...