26 Май 2023
Бо иқдоми Раёсати фарҳанги вилоят ва китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ бо мақсади рушду камолоти кўдакон, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, афзун намудани дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, шиносоӣ бо китобу китобхона байни тарбиятгирандагони кўдакистонҳои шаҳру навоҳии вилоят озмуни вилоятии «Шукуфаҳои Истиқлол» баргузор намуд.
Ин озмун бо мақсади амалинамоии «Барномаи давлатии омўзиши мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ва Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030» бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон доир намуд.
Озмун аз рўйи шартҳои: муаррифӣ, қироати шеър аз ашъори бачагонаи Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукуҳӣ бахшида ба 100 солагии шоир, муммои рақамҳо, нақли «Афсонаи об» ва намоиши саҳнавӣ бахшида ба эълон гардидани «Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», рақс, суруди кўдакона ва ғайраҳо гузаронида шуд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот Шоҳҷоиза насиби Осияхон Муродзода, тарбиятгирандаи кӯдакистони № 3 шаҳри Гулистон гардид. Ҷойи аввалро Маҳбуба Абдуллозода, тарбиятгирандаи ширхоргоҳ-кӯдакистони №33 шаҳри Хуҷанд, мақомҳои дуюмро Ясмина Акбарзода, тарбиягирандаи кӯдакистони № 1 ноҳияи Зафаробод ва Марям Носирова, тарбиятгирандаи кӯдакистони “Наргис” ва зинаи сеюмро Марямхон Сатторова, тарбиятгирандаи кӯдакистони № 18, Нигина Саидова, тарбиятгирандаи ширхоргоҳ-кӯдакистони № 13 шаҳри Бӯстон ва Билол Аҳадзода, тарбиятгирандаи ширхоргоҳ-кӯдакистони № 6 ноҳияи Мастҷоҳ ба даст оварданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд