24 Апрел 2023
Ҷ У М Ҳ У Р И И Т О Ҷ И К И С Т О Н
В И Л О Я Т И С У Ғ Д
Р А И С И Ш А Ҳ Р И Х У Ҷ А Н Д
Қ А Р О Р
ш. Хуҷанд
Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан»
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023, №АП-318, дастуру супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 январи соли 2023, №24/10-8, Қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 марти соли 2023, №105 «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан», бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ ва бо назардошти дархости мудири шуъбаи кор бо занон ва оила аз 3 апрели соли 2023, №702, Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
1. Даҳаи аввали моҳи апрели соли 2023 Фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан» гузаронида шавад.
2. Ҳайати кумитаи тадорукот, низомнома, нақшаи чорабиниҳо, харҷномаи Фестивал тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).
3. Ҳамоҳангсози қарори мазкур шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муқаррар карда шавад.
4. Шуъбаҳои кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, маориф, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр, намояндаи Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» дар шаҳр баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани Фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан» тадбирҳои мушаххас андешанд.
5. Ба бахши фарҳанги шаҳр супурда шавад, ки барномаи фарҳангии Фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан»-ро таҳия ва пешниҳод намояд.
6. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати мақсаднок ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Фестивали «Сад ранги чакан» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
7. Ба бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шавад, ки маблағгузории баргузории Фестивалро аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи фарҳанг пешбинишуда дар соли 2023, мувофиқи замимаи 4 амалӣ ва истифодаи мақсадноки маблағро таъмин намояд.
8. Котиби матбуоти Раиси шаҳр, рӯзномаи «Тирози ҷаҳон», ширкатҳои телевизион ва радиои маҳаллӣ ҷараёни омодагӣ ва рафти Фестивалро дар воситаҳои ахбори омма ҳаматарафа инъикос намоянд.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳр Нуруллозода Фирӯза вогузор карда шавад.
Раиси шаҳр Шарифзода Фирдавс