14 Октябр 2014
Бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ аъмоён қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода № 610 аз санаи 14 октябр ба имзо расид, ки мувофиқи он ба 200 нафар ин гуна шахсон 50 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода мешавад.
Дар баробари ин санаи 15 октябр соати 11.00 дар коргоҳи ҷамъияти номбурда чорабинии махсус бо иштироки аъмоён ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд баргузор мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки дар маркази вилоят 314 нафар аъмоён ба қайд гирифта шуда аз онҳо 66 нафар аъмоён дар коргоҳи маркази хуҷандии иҷтимоии-эҳёкунии Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон нафар фаъолият мебаранд.