08 Февраль 2023
Дар соли 2022 бо мақсади бо иттилооти фаврӣ таъмин намудани сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамарўза 8-9 хабар ба сомонаи расмии шаҳрдорӣ ҷойгир карда мешавад. Таҳлилҳо собит месозанд, ки хонандагони сомона дар муқоиса ба солҳои пешина зиёд гардида истодаанд. Баъди фаъол гардидани сомона, таваҷҷўҳи расонаҳои иттилоотӣ, хосатан оҷонсиҳои иттилоотӣ ба он афзуда, имрўзҳо расонаҳои «АМИТ Ховар», «Суғднюс», «Фараж», «Азия плюс», «Авеста»Â ва сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо нишон додани сарчашма аз сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаровон истифода намуда истодаанд. Боиси тазаккур аст, ки дар ин давра 820 адад маводҳо нашр гардиданд.
Бо назардошти талаботи замони муосир ва фарогирии рўйдодҳои шаҳр дар шабакаи ҷаҳонии интернет, дар саҳифаи иҷтимоии «Фейсбук», гурўҳҳои “Хуршедшаҳр”, “Бонувони Хуршедшаҳр”, “Маорифи Хуршедшаҳр”, “Табибони Хуршедшаҳр”, “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд”, саҳифаи махсуси «Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд» амал мекунад, ки то ба имрўз теъдоди зиёди хонандагонро фаро гирифтааст. Дар ин саҳифаҳо хабарҳои шаҳрдорӣ, иқдомот, лавҳаҳои ободонӣ, чорабиниҳои муҳими сиёсии шаҳр ва вокунишҳо вобаста ба масоили мубрами ҷомеа ҷойгир карда шуда, аз он хонандагон баҳрабардорӣ намуда истодаанд.
Тавассути нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - “Тирози ҷаҳон” аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд тамоми фаъолияти шаҳр фаврӣ инъикос мегардад.
Ҷоиз ба қайд аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар рўзҳои сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ба андозаи 20 дақиқагӣ доир ба дастовардҳои шаҳри Хуҷанд барномаи таҳлилӣ таҳия ва тариқи тамоми шабакаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ намоиш дода шуд. Ҳамчунин, 24 адад лавҳаҳои тарғиботии симои рўзона ва шабонаи шаҳр, маданияти шаҳрдорӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, лолаҳои Хуҷанд, рушди сайёҳӣ, ҳунармандӣ ва ғайраҳо таҳия ва тариқи расонаҳо пахш карда шуданд.
Инчунин, ҷиҳати инъикоси мунтазами фаъолияти шаҳрдорӣ тариқи шабакаҳои телевизионҳои маҳаллӣ беш аз 128 адад гузоришҳо пахш карда шудаанд.