(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи кории Раиси шаҳри ХуҷандРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода субҳи имрӯз бо иштироки муовинони худ, мудирони шӯъба, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ доир намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд сараввал аз масъулини соҳаи сохтмону меъморӣ,кумитаи заминсозӣ, сохтмони асосӣ, назорати корҳои сохтмонӣ пурсиш ба амал оварда, барои риояи қатъии талаботи корҳои сохтмонӣ аз ҷумла техникаи бехатарӣ,барқӣ, ҳифзи меҳнат, санитарӣ дастуру супориш дод. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд вазифадор гардид,ки лоиҳаи қарори дахлдорро бобати таъсис додани комиссяи салоҳиятнок дар ҳайати мутасаддиёни сохторҳои заминсозӣ,сохтмону меъморӣ,назорати корҳои сохтмонӣ.корҳои дохилӣ, идораи барқ ва фурӯши он, бахши кор бо маҳаллаҳо омода намояд. Таъкид гардид,ки нисбати ширкатҳои сохтмоние,ки меъёрҳои мавҷударо риоя намекунанд чораҳои андешида шуда, дар сурати ошкор гардидан камбудиҳои ҷиддӣ ва дар мӯхлати муаян оғоз нагаштани корҳои сохтмонӣ қарори ҷудо намудани замин ва иҷозати корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Раиси шаҳр бекор карда  мешавад. Барои иҷрои супоришҳои зикргардида 10 рӯз мӯҳлат  муқаррар карда шуд.

Мувофиқи дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ худуди шаҳри Хуҷанд ба масоҳати 2.500 гектар васеъ карда шуда, барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лозимаи ин дастур муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев вазифдор гардид. Лозим ба ёдоварист, ки айни замон наздик 4 ҳазор сокинони маркази вилоят барои беҳтар намудани шароити манзили худ дар навбат меистанд. Бинобар ин  барои қонеъ намудани талаботи имрӯзаи мардум ба манзил танҳо дар сурати  васеъ намудани  ҳудуди марзии шаҳри Хуҷанд имконпазир мегардад. Ҳамчунин масъулини идораи роҳсозӣ барои аз ташхис гузаронидани ду кӯпруки асосии шаҳр ва ба итмом расондани мумфаршкунии кӯчаҳои Шӯро, ба номи Ҳаким Қарим, ба номи Ҷ. Зокир Озодӣ ва як қисм кӯчаи маҳаллаи ба номи Қ. Қурбонов вазифадор гаштанд.
Масъулини идораи барқ ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд,ки пойгоҳҳои барқӣ, хатҳои асосии барқтаъминкунӣ аз таъмиру санҷиш бароварда шуда, корҳои омодагӣ ба зимистон идома дорад. Аз ҷониби Раиси шаҳр барои ба охир расондани ин корҳо то интиҳои ҳафта мӯхлат дода шуд.
Ҳамчунин идораи чароғонкунӣ барои марҳила ба марҳила иваз намудани воситаҳои равшанидиҳии шаҳр ба фурӯзонакҳои каммасраф вазифадор шуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти маъракаи обуна ба газетаю маҷаллаҳо изҳори нигаронӣ намуд. Ба муовини Раиси шаҳр Умеда Муродова мӯҳлат дода шуд, ки то санаи 1 ноябр  вазъи обуна  ба расонаҳои чопӣ беҳтар карда шавад.
Ба идораи хоҷагию коммуналӣ дастур дода шуд, ки бинобар қисман таъмирталаб шудани қисмати роҳравҳои кӯчаҳои шаҳр, то оғози мавсими зимистон корҳои таъмири ҷорӣ ба интиҳо расонда шуда, барои хамеша гулпӯш будани мавзеҳои шаҳр дар фаслҳои баҳор, тобистон ва тирамоҳ чораҳои амалӣ андешад. Дастур дода шуд,ки барои омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи соли 2015, зиёда аз як миллион бех гули лола шинонда шуда, бо истифода аз паст будани сатҳи об дар Сирдарё то санаи 1 ноябр соҳили он аз алафҳои бегона ва худрӯй тоза карда шавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба мудири маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов супориш дод,ки якҷоя бо идораи сохтмони асосӣ дар мавриди истифодаи мақсаднок ва ҳамаҷонибаи худуди боғчаҳои бачагона  тадбирҳои амалӣ андешанд. Зеро баъди ошноӣ бо фаъолияти қисме аз ин муассисаҳои томактабӣ маълум гардид,ки масоҳати аксари бештари ин боғчаҳо барои сохтани бинои нав ва васеъ зиёд намудани имконияти қабули кӯдакон шароити мусоид мавҷуд аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки барои азнавсозии онҳо бояд нақшаи алоҳидаи сохтмонӣ таҳия карда шавад.

Ба маълумоти ҳозирон расонда шуд,ки як гурӯх занони фаъол ба  Раиси шаҳр муроҷиат намуданд, ки хоҳиши расондани кӯмак ба деҳқонон барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани пахтаро доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки ҳар нафаре, ки хоҳиши дар маъракаи пахтачинӣ иштирок кардан дорад,метавонад дар хоҷагиҳои пахтакори ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров тибқи шартнома ба деҳқонон кӯмак намояд.
Масалаи дигаре, ки дар ҷаласаи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ буд.

Аз рафти иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси комиссияи даъват Иброҳим Иброҳимов ахборот дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба бахши кор бо маҳаллаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дод,ки барои бо сифат иҷро гардидани нақшаи даъват раисони кумитаи маҳаллаҳо фаъолияти худро ҷоннок намоянд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъули нигоҳдорӣ ва таъмини кори фавворахои шаҳр дастур дод,ки мавсими кори фаввораҳоро санаи 20 октябр ба анҷом расонда, корҳои таъмиру азнавсозии онҳоро оғоз намоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар ниҳояти кори маҷлис тамоми мутасаддиёнро барои сари вақт ва бо сифат иҷро намудани вазифаҳои гузошташуда даъват намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...