(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар соли 2022 ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он дар баробари роҳбарияти шаҳр, фаъолон, ҳамчунин Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.


Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз намуда, иттилоъ дод, ки тибқи рўзнома натиҷаи фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар давоми соли 2022 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифату саривақтии дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеояд, инчунин нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои муассир андешида истодааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки соли 2022, соли босуботи таърихию хотирмони 30-солагии иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар натиҷаи фаъолияти бонизоми мақомоти маҳаллӣ, азму талош ва заҳмати софдилонаи кулли сокинони шаҳр, ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, зиндагии шоистаи аҳолӣ, бунёдкорию ободонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидем.
Чораҳои амалигашта дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ новобаста аз таъсири мушкилиҳои пешомада имкон дод, ки дар ин давра барои тақвияти соҳа 40 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 289 адад ҷойи корӣ, бо ҷалби 22,3 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 209 адад расонида шуд.
Таҳлилҳо собит менамояд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 млрд. 702 миллиону 571,6 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262,9 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, аз ин миқдор мувофиқи 20 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 389,5 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 113,3 фоизро ташкил дода, барои рушди соҳаи мазкур заминаи устувор гузошта истодааст.
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 94 адад чунин корхонаҳои хурду калон ба маблағи 750,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 120,7 фоизро ташкил менамояд.
Инчунин бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои аз сатҳи соли гузашта зиёд маҳсулот истеҳсол карда 33 адад ё 27,5 фоиз зиёд шуда, теъдоди онҳо ба 153 адад расидааст.
Дар ин давра истеҳсоли номгўи маҳсулотҳо низ 27 намуд зиёд шуда, то ба 162 намуд расида, аз шумораи умумӣ 88 номгўи маҳсулотҳо нисбат ба соли 2021 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки тақвияти нишондиҳандаҳои соҳаҳои хоҷагии халқ имкон дод, ки дар соли ҳисоботӣ нақшаи буҷети шаҳр пурраю барзиёд таъмин гардад. Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазир нақшаи буҷети умумии шаҳр ба андозаи 103,2 фоиз ё 17,7 миллион сомонӣ зиёд таъмин гардидааст. Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, ба ҷои 249,9 миллион сомонии пешбинигардида, 260,1 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки он дар муқоиса бо нақшаи пешбинигардида ба маблағи 10,2 миллион сомонӣ ё 4,1 дар сад зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр бо назардошти тағйиру иловаҳояш 97,8 фоиз таъмин гардида, дар ин давра барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ бахусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 180,4 миллион сомонӣ маблағҳои харҷгардидаи буҷети маҳаллӣ равона карда шудааст.
Бахтиёр Боқизода гуфт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорö ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2022 иборат аз 332 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 590 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шуда, бомуваффақ амалӣ гардида истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар мавзеъи шаҳр 202 адад сохтмон ва таъмиру таҷдиди иншоотҳои таъиноташон гуногун бунёд карда шуданд, ки аз онҳо бунёди 4 муассисаи таълимӣ, 12 адад таъмири ҷории муасисаҳои таълимӣ, бунёди 1 муассисаи томактабӣ, 4 адад таъмири ҷории муассисаҳои томактабӣ, бунёди 1 адад бинои иловагии маъмурӣ, 40 адад корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ, 1 адад таъмиру таҷдиди беморхона, 3 адад таъмири ҷории муассисаҳои тиббии давлатӣ, 1 адад бунёди маркази ташхисию табобатӣ, 1 адад сохтмони бинои нави стансияи ёрии таъҷилӣ, 11 адад таъмири ҷории марказҳои ташхисию табобатӣ, бунёди 4 адад дорухона ва ғйраҳо амалӣ карда шуд.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода низ бааромад намуда, доир ба фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиёт ва фарҳангу маориф маълумот дод.
Дар ҷараёни музокира Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз масъулини дахлдор ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо пурсиш ба амал оварда, баҳри баланд бардоштани раванди таълими тарбия, беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ ба мардум, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти санотӣ, иҷрои нақшаи буҷет ва ғайраҳо вазиагузорӣ намуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баромад намуда, доир ба дастоварду муваффаақият ва камбудиҳои соли сипаришуда андешаронӣ намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба ҷаласаи фаъолони шаҳр ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ маҳз бо иштироки фаъолонаи вакилон, соҳибкорон, ташаббускорон ва масъулини соҳаҳои мухталиф ба натиҷаҳои назарраси нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр ноил гардидем. Бо боварии том зикр менамоям, ки дар соли ҷорӣ низ кулли сокинон бо ҳисси баланди ватандорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода боз ҳам корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона пеша намуда, барои муҳайё сохтани зиндагии арзанда саҳми босазо мегузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...