(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altОмӯзгорони гиромиқадр!
Басо рамзист, ки имсола Рӯзи омӯзгорон дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллатамон 20-солагии Сарқонуни (Конститутсия) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.
Рӯзи кормандони соҳаи маориф Рӯзи омӯзгоронро ба ҳар яки Шумо ва кулли кормандони муассисаҳои маориф, собиқадорони соҳа бо самимият ва эҳтироми том аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику таҳният мегӯям.
Бароятон тансиҳатию рӯзгори обод, дар фаъолияти пурсамару масъулиятноки ҳамарӯзаатон баҳри таълиму тарбияи насли ҷавон, рушди маориф фатҳи қуллаҳои баланди илму донишро таманно мекунам.
Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат эълон кардаанд. Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти соҳаи маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро мунтазам идома медиҳад. Дар ин давра барнома ва консепсияҳои муҳими давлатӣ дар соҳаи маориф қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид.
Барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои соҳаи маориф бо дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ як силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд, ки дар натиҷа якчанд мактабҳои типи нав, замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, сатҳу сифати тарбия ва дараҷаи донишандӯзии хонандагон куллан беҳтар гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар соҳаи маориф тайи солҳои охир дастовардҳо хеле назаррасанд.
Бо кӯшишу ғайрати омӯзгорон, мактабҳои шаҳр ба соли хониши нав омода карда шуд. Мактабҳо бо синфҳои муҷаҳҳазу муосири фаннӣ, техникаю технологияҳои замонавии таълимӣ таъмин шуда истодаанд.
Омӯзгорони мо истеъдоди лаёқати илмомӯзӣ ва маърифати донишҳои замонавиро доро мебошанд ва шогирдонашонро бо ахлоқу одоби ҳамида ва бо рафтори шоиставу намунавӣ тарбия менамоянд.
Маҳз натиҷаи чунин ғамхорию заҳматҳои Шумо омӯзгорон буд, ки имрӯз хонандагони мактабҳои мо дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
Хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 27 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, аз 14 нафар хонандагон 13 нафарашон ғолибият ба даст оварданд, аз ҷумла соҳиби 3 медали тилло, 5 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд. Дар Олимпиадаи номии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ, 2 нафар хонандагони синфи 11-и мактаби хусусии Рустамов иштирок намуда, 1 нафар соҳиби медали тилло ва 1 нафар соҳиби медали нуқра гардиданд, Инчунин дар Олимпиадаи даставии ҷумҳуриявӣ хонандагони мактабҳои №22 1 на- фар, Литсейи тоҷикӣ туркӣ 2 нафар, Литсейи донишгоҳи поли-техникӣ 1 нафар ва мактаби хусусии Рустамов 1 нафар ишти-рок намуда, 2 нафар соҳиби медали нуқра ва 3 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Умуман, хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 20 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд, аз ҷумла соҳиби 6 медали тилло, 6 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд. 29 нафар хонандагон ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр сарфароз гариданд.
Аз рӯи ҷамъбасти соли хониши 2013-2014 2 нафар хатмкунандагон - Мирзоҷамшедзода Нафиса аз мактаби таҳсилоти ғайридавлатии гимназияи Гёте мактабро бо медали тилло ва аз мактаби хусусии Рустамов Бобоҷонов Хуршед бо медали нуқра хатм намуданд.
Ҳоло дар мактабҳои шаҳрамон 2150 нафар омӯзгорон ба насли наврас сабақи маърифат меомӯзанд, ки аз онҳо 287 нафарашон дорандаи унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1062 нафар соҳиби тахассуси олӣ, 452 нафар тахассуси якум, 181 нафар тахассуси дуюм мебошанд. Инчунин, дар мактабҳо 100 нафар омӯзгорони ҷавону пурғайрат меҳнат карда истодаанд.
Дар ин рӯзи барои ҳар як омӯзгор хотирмону хурсандибахш мо бо эҳтиром номи садҳо муаллимони эҷодкору номдори шаҳрамонро амсоли Матлюба Мирзохонова, Юнусова Дилрабо, Аминова Зебо, Усмонов Ота, Ғаниева Мавлуда, Иброҳимова Хайрӣ, Муртазоева Матлюба, Мирзошарипова Зарина, Юсуфҷонова Замира, Шокирова Зайнура, Ҳакимова Махфират, Қодиров Бахтиёр, Азимова Моҳира, Роҳат Солиеваро ба забон оварда метавонем, ки дар вилояту ҷумҳуриамон ҳамчун омӯзгори беҳтарин мешиносанд.
Барои роҳнамоӣ намудани омӯзгорони ҷавон ва таълиму тарбияи насли наврас, собиқадорони соҳа Муҳаммад Зарипов, Даврон Темиров, Мухамадназар Ахмедов, Муқаддам Юсупова, Муҳаммад Комилов, Наима Мӯъминова, Тавҳидахон Баҳриддинова, Норӣ Бобоҷонова, Фотима Самадова, Роҳатхон Тӯрабекова, Саломат Рустамова, Абдусатторова Умрӣ, Ахмедова Муаттара, Ҳомидов Маъруф, Марофиева Нуринисо, Амонова Мукаррам, Баҳодурова Раҳбар, Назарова Қумринисо, Маҳмудова Мунъима ва дигарон  меҳнати софдилона карда, то имрӯз раҳнамою роҳкушои омӯзгорони ҷавонанд.
Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳо зоҳир менамоянд ва дар баромадашон қайд карда буданд, ки «Муаллимону омӯзгорон машъалафрӯзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шӯълаи меҳри хондану азбар намудан ва омӯхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрӯзанд. Ба ибораи дигар онҳо шоҳсутуни низоми таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш мебошанд».
Мӯҳтарам омӯзгорон!
Тавре, ки зикр намудем, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, пайваста ба омӯзгорон ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Вобаста ба имконот дар кишвар давра ба давра маоши омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф зиёд карда мешавад.
Дар ин раванд, тибқи дастуру супоришҳо ва иқдомҳои неки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри пешбурди соҳаи мактабу маориф, ҳавасмандгардонии омӯзгорону толибилмон, бунёд ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои созандаро амалӣ менамоянд, ки қобили арзёбии аҳли диёр мебошад.
Бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва касбӣ низ эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ, бахусус барои духтарон ба роҳ монда шудааст.
Тибқи супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар литсейи касбӣ-техникӣ №56 оид ба эҳё ҳунарҳои миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо танӯр ва оташдон насб карда шудааст.
Омӯзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, пешаи омӯзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист.  Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрӯзу фардои кишвар ва афзудани обрӯю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд. Самараи азму ҷидду ҷаҳди онҳост, ки ҳамасола теъдоди зиёди шогирдони муассисаҳои таълимии мо дар бонуфузтарин озмуну сабқатҳои ватанию хориҷӣ ба дастоварду комёбиҳои шоиста сазовор мегарданд ва обрӯю эътибори кишварамонро бештар менамоянд.
Омӯзгорони арҷманд!
Итминони комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо устодон бо шаҳомату кӯшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон саҳмгузор гардида, парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда партавафшон менамоед.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар гиромидошти Рӯзи омӯзгорон  ро ба кулли омӯзгорони арҷманд ва кормандони соҳаи маориф табрику муборакбод гуфта, ба шумо пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи тарбияи насли соҳибилму бомаърифат барору комёбӣ таманно менамоям.
Ид муборак, омӯзгорони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...