(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни «Атлас ва адрас-2014» ва ҳунарҳои мардумӣ ҷамбаст гардидБо мақсади тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи онҳо,ҳамчунин ҷалби харчи бештари бонувон ва занони хонашин ба ҳунарҳои мардумӣ дар асоси Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз санаи 25 августи  соли равон таҳти № 507, аз санаи 25 июни соли ҷорӣ таҳти № 363 барои  тарғиби меҳнати хонагӣ  байни тарроҳон  ва ҳунармандони ҳунарҳои хонагӣ инчунин марказхои таълимии истеҳсолӣ,  дар Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ озмун байни дӯзандагону ҳунармандони халқӣ баргузор гардид.
Дар озмун муовини Раиси вилояти Суғд Раънохон Маҳмудзода Бобоҷониён ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Озмуни ҳунармандони хонагӣ ва марказхои таълимӣ, дар даромадгоҳи театр ҳунармандони хонагӣ ва марказхои таълимӣ-истеҳсолӣ  бо маҳсули ҳунари худ иштирок намуданд. Озмуни мазкур аз рӯи шартҳои «Меҳнати хонагии занону ҷавондухтарон», «Сӯзанидузӣ» ва «Адрасбофӣ» баргузор гардид. Раънохон Маҳмудзода Бобоҷониён ва Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳсули дастранҷи бонувони ҳунар дидан намуда, нисбати сифат ва ороиши онҳо баҳои баланд доданд. Дар озмун 15 нафар  бо иштирок намуда, барои ҳозирон аз ҳунари худ ва усули кор маълумот доданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд тамоми ҳозиринро барои ин  иқдоми наҷиб ва саривактӣ аз номи Раиси вилояти Суғд сипосмани намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар баромади худ чанд нуктаҳои муҳими мақсади баргузории ин озмунро баён сохт.
«Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола дар қаламрави вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд иди атлас ҳамчун намунаи барҷастаи таҷассуми фарҳанги миллӣ бо ҳадафи эҳёи арзишҳои тамаддуни таърихии тоҷикон ва гиромидошти саноати миллӣ таҷлил мегардад.
Ин таваҷҷӯҳ пеш аз ҳама дар заминаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Ва он имкон фароҳам меоварад, ки мо ба атлас ҳамчун рамзи фарҳанги миллӣ ва асоси эҷоди либоси миллии тоҷикӣ дар тӯли таърихи зиёда аз ҳазорсолаи давлатдорӣ муроҷиат намуда, ҳамзамон дар айёми бархурдҳои бузурги тамад-дунҳои ҷомеаи муосир симои ҳақиқии як рукни муҳими мил-лиро ҷилвагар созем.
Мардумони тоҷик дар бофту дӯхти навъҳои либос ва таҳияи маводи он тавассути атласи миллӣ эътироф шудаву ҳосили он серхаридортарин шинохта шуда-аст. Истеҳсоли атлас, ки дар дарозои таърихи тоҷикон ҳамеша нуфузи зиёд дошт, имрӯз ҳам шӯҳрату мақомашро аз даст надодааст.»
Баъдан иштирокдорони озмун либосҳои худро аз рӯи шартҳои пешниҳодшуда ва низомномаи озмун намоиш дода шуд.  Дар озмуни тарроҳони либосҳои миллӣ бо истифода  аз матои  атлас ва адрас либосҳои  кӯдакона, рӯзмарра ва идонаи худро пешниҳод намуданд.
Баъди тамошои либосҳои пешниҳодшуда дар дӯхтани либосҳои кӯдакона ҷойҳои ифтихориро Муътабар Ёқубова, Раъно Маърупова ва Наргиса Саидова ишғол намуда, дар шарти либосҳои рӯзмарра Елена Мирсаидова ҷойи якумро сазовор гардид.  Ба Каромат Ашӯрматова ва Раъно Қаландарова ҷойҳои дуюм сеюмро лоиқ донистанд.
Дар шарти либосҳои идона ҳайати ҳакамон «Шоҳҷоиза»- ро ба алима Каримова муносиб донистанд. Се ҷойҳои ифтихориро Каромат Ашӯрматова Мухбира Мирзоева ва Дилафрӯз Бобокалонова соҳиб гаштанд.
Ҳамчунин озмуни «Ҳунарҳои мардумии занон ва бонувони хонашин» низ ҷамбаст гардид.
Мувофиқи натиҷагирии ҳакамон ҷойи якум ба Марҳабо Абдуллоева дода шуда, ҷойҳои дуюму сеюмро мутансибан Ойимниссо  Қодирова ва Раъно Сангинова соҳиб гаштанд.
Тибқи шарти дигари озмун «Сузанидӯзӣ» бошад Салима Каримова ҷойи якум, Ҳалима Абдурасулова ҷойи дуюм ва Машҳура Ҳомидова ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ба ҳамаи ғолибон тӯҳфаҳои тасиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  супорида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...