(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди шишаи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишасохтмон”-ро ифтитоҳ намуданд.

Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шуҳрат Нурматов ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд карда шудааст. Дар бунёди корхона конструксияи металии ширкати ватании “Фаровон” истифода гардида, онро ба таври замонавӣ мутахассисони маҳаллӣ сохтаанд.
Самти фаъолияти корхона ба коркарди шиша, яъне буридан, обу тобдиҳӣ, суфтакунӣ, мустаҳкамкунӣ, сурохкунӣ ва истеҳсоли оина равона шудааст.
Иқтидори истеҳсолӣ дар як сол коркарди 40 ҳазор метри мураббаъ шишаро ташкил медиҳад.
Дар корхона 9 дастгоҳи замонавӣ барои коркарди шиша васлу насб гардидааст. Маҳсулоти нимтаёр аз хориҷи кишвар ворид гардида, дар 6 марҳила коркард мешавад, ки барои шишабандии биноҳои баланошёнаи истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ, дару тиреза ва ҳамом лозим меояд. Шишаи дар корхона коркардшуда ба гармию сардӣ ва зарба тобовар буда, бехатарии он ба инсон таъмин карда мешавад.
Оина бошад, бо андоза ва намудҳои гуногун дар хати алоҳида истеҳсол карда мешавад. Чунин таҷҳизоти замонавӣ ба ҷумҳурӣ бори нахуст ворид гардидааст.
Дар хати истеҳсолӣ шишаи суфтагардида ва обу тобёфта дар 7 марҳила коркард шуда, аз он бо усули ҷадид оина барои истифодаи рӯзгор истеҳсол карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки қаблан ин намуди маҳсулоти зарурӣ дар мамлакат хеле кам истеҳсол мегардид ва асосан аз хориҷа ворид карда мешуд. Бо фаъол гардидани корхонаи коркарди шишаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишасохтмон” талаботи аҳолӣ ба он то андозае аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин карда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар бозори дохилӣ талабгори зиёд дорад.
Дар заминаи ба кор андохтани корхонаи мазкур зиёда аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Дар гушаи алоҳида номгуи гуногуни маҳсулоти тайёри корхонаи мазкур ба намоиш гузошта шуд, ки аз он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.
Маҳсулоти шишагӣ ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгу мебошад ва дар асоси фармоиши мизоҷон омода гардида, ҳамчунин бо ҳаҷм ва андозаи гуногун дар бозори дохилӣ ба фуруш гузошта мешавад.
Бунёди корхонаи мазкур дар мамлакат боис мегардад, ки ҳаҷми истеҳсолот зиёд шавад ва ин омил дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар замина мегузорад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...