(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори Кохи “Суғдиён бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат дар рушди ҷомеаи навини Тоҷикистон” бо иштироки аҳли илму фарҳанг ва маорифу тиб конфрнси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода конфронсро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлоламон санаҳое мавҷуданд, ки дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт гардида, ҳар яки онҳо боиси оғози марҳилаҳои муҳим ва сарнавиштсози кишварамон гардидаанд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам, яке аз ҷашнҳои муҳими таърихӣ маҳсуб ёфта, ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшид ва барои татбиқи раванди давлатсозии миллӣ заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Ба шарофати он миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарӣ ва талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор ниҳода, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати рӯ ба инкишоф муаррифӣ шуд.

Дар ҷараёни конфрон ҳамзамон Муъмин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Саодат Аминҷонова, вакили маҷлиси Вакилони халқи вилояти Суғд, Баҳриддин Аҳмадов, собиқадори хизмати давлатӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Ғаффорхон Муҳитдинов вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12-ум, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва дигарон баромад намуда, роҷеъ ба аҳамияти таърихии Иҷлосия андешаронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки миллати тоҷик дар тӯли соҳибистиқололӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони оғушта ба хун ва ҷангзадаи сароғози Истиқлолиятро ба кишвари бонизому босубот ва омода ба пешрафтҳои босуръат табдил додаст. Роҳе, ки дар тӯли ин солҳо дар шоҳроҳи Истиқлоли миллӣ паймуда шудааст, роҳи осоне набуд ва ҳалли маҷмӯи вазифаҳое, ки пешорӯи миллати мо қарор дошт ва гаронии он, пеш аз ҳама бар дӯши Роҳбари давлат афтода буд. Маврид ба зикр аст, ки ба шарофати сиёсати оқилона, ҷасурона, дурандешона ва созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати хушиқболи мо дар роҳи бунёди давлати миллии демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона, иҷтимоӣ, дунявӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Толеъ ва бахти миллати мо буд, ки дар лаҳзаҳои душвору сангин ва сарнавиштсоз ин марди худодод ба саҳнаи сиёсат омада, чун фарзанди сарсупурдаи миллат зимоми давлатдориро ба дасту дӯши худ гирифта, миллатро аз парокандагӣ ва давлати ҷавони соҳибистиқлоли моро аз нобудӣ раҳо намуданд.

Воқеан, иқдоми башардӯстона аз ҷониби Сарвари тозаинтихоби тоҷикон ва Ҳукумати Тоҷикистон пешкаш гардида, нахустин хишти девори сулҳу оштии миллӣ ва ваҳдати мардуми тоҷик дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Бузургтарин неъмат ва дастоварди мардуми тоҷик дар ин давра пеш аз ҳама соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, бунёди давлати навин ва соҳибистиқлол, хотима гузоштан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, қадамҳои устувор дар роҳи таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ, фарҳангӣ, ғоявӣ ва ноил шудан ба мақоми шоиста дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Маҳз Иҷлосияи таърихию тақдирсози миллат буд, ки барои халқи меҳанпарасту сулҳпарвари тоҷик саҳифаи нави давлатдории миллӣ ва ҳаёти осоиштаву шароити арзандаи зиндагиро замина гузошт ва кишвари азизамон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...