10 Ноябр 2022
Субҳи имрӯз дар толори пазироии Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ба 40 нафар бонувони ҳунарманд маблағҳои грантӣ дар маҷмуъ 165 000 сомонӣ супорид.
Раиси шаҳр гуфт, ки масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрўзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти назари махсуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дода шуда, дар ин самт таъсис дода шудани Грантҳои Президентӣ, Гранти Раиси вилоят ва Гранти Раиси шаҳр баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст.
Дар ин замина соли ҷорӣ 2 нафар занҳои ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд соҳиби гранти Президентӣ ва 6 нафар занони ҳунарманди шаҳр барои гирифтани гранти Раиси вилоят сазовор гаштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҳамасола грантҳои Раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр таъсис дода шуда, соли ҷорӣ низ қарори Раиси шаҳр бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, ки баҳри фароҳам овардани ҷойҳои кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ ба тавсиб расидааст.
Дар ин радиф 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманду эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти Раиси шаҳр, аз чумла 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ гардиданд.
Дар байни ғолибони озмуни Гранти Раиси шаҳр занҳои кордон ва ҳунарманде ҳастанд, ки аллакай дар ин ҷода дастоварду муваффақиятҳо дошта, ният доранд, бо истифода аз маблағи Грант фаъолияти коргоҳи худро васеъ ба роҳ монда, аз 5 то 20 нафар занону духтаронро ҳунар омўзонанд.
Сипас аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба 40 нафар бонувони ҳунарманд маблағҳои грантӣ дар маҷмуъ 165 000 сомонӣ тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд