(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altШоми 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, ки дар он намояндагони шаҳри бостонии Хуҷанд: Далер Ҳамдамов, хонандаи мактаби санъати бачагонаи №1 ба номи Лоиқ Шералӣ, дар номинатсияи навозандагии эстрадӣ, Сарвиноз Ҳамдамова ва Дилангез Холматова, хонандагони мактаби санъати бачагонаи №1 ба номи Лоиқ Шералӣ, дар номинасияи сарояндагии эстрадӣ байни наврасони синни аз 12 то 17 сола сазовори ҷойи якум, Тахмина Ҳамроева, донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, дар номинатсияи сарояндагии академӣ ва Оиша Муродова, солисти МД ансамбли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд”, дар номинатсияи навозандагии анъанавӣ, Шуҳрат Кенҷаев, ҳунарманди Кохи фарҳанги “Рӯдакӣ”, дар номитсияи композитории анъанавӣ дар байни иштирокчиёни синну солашон аз 18 то 40 сола сазовори ҷойи якум гардиданд.

Муҳаммадҷонов Олимҷон- донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, дар номинатсияи навозандагии академӣ сазовори ҷойм дуюм, Воҳидова Томирис- донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, дар номинатсияи навозандагии академӣ сазовори ҷойи сеюм, Ҷамолиддинова Нозанин-хонандаи мактаби саньати бачагонаи № 4, дар номинатсияи навозандагии анъанавӣ сазовори ҷоизаи озмун, Муҳаммадҷонов Муҳаммадзоҳир- хонандаи мактаби саньати бачагонаи № 4, дар номинатсияи навозандагии акедемӣ сазовори ҷоизаи озмун инчунин дигар иштирокчиён сазовори диплом гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки Шоҳҷоизаи озмун ба маблағи 50 000 cомониро се нафар иштирокчии фаъоли озмун- Фаридун Ғоибназаров дар номинаи навозандагӣ, Фотима Назаралиева дар номинаи сарояндагӣ ва Раҳматулло Лутфулоев дар номинаи композиторӣ ба даст оварданд.

Инчунин иштирокчиёни фаъол аз рӯйи се номина- композиторӣ (оҳангсозӣ), сарояндагӣ, навозандагӣ (дар ҳар номина се жанри вобаста ба синну сол) муайян гардида, ба ғолибони ҷойи якум- як нафар (35 ҳазор сомонӣ), ҷойи дуввум- ду нафар (25 ҳазор сомонӣ) ва ҷойи сеюм- ду нафар (15 ҳазор сомонӣ) туҳфаҳои пулӣ ва диплом тақдим шуданд.

Тибқи Низомномаи озмун, дар ин рӯз ба устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим шуданд. Дигар иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом сарфароз гардиданд.

Дар маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, аъзои ҳакамон, иштирокдорону водидайни онҳо, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки «баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ равона шудааст. Тайи чор сол аст, ки ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Озмун аз ноҳия оғоз шуда, то ба сатҳи вилояту ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд».

Ҳамчунин дар ин маросим аз ҷониби ғолибони озмун беҳтарин суруду оҳангҳо иҷро гардиданд.

Имсол дар даври аввали озмун 3374 нафар довталабон иштирок намуда, аз ин теъдод 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз 1323 нафар довталаб, ки дар даври дуюм ширкат варзиданд, 316 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ бино ба сабабҳои шахсӣ 20 нафари онҳо иштирок накарданд. 296 нафар дар даври сеюми озмун ширкат варзиданд, ки аз ин теъдод 78 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки 27 октябр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон маросими дипломсупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни Ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири фарҳанги мамлакат, Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, раиси ҳакамон дар номинаи «Сарояндагӣ» Миралӣ Достизода, Директори дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҳакамон дар номинаи «Навозандагӣ», дирижёри Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳайати ҳакамон дар номинаи «Сарояндагӣ» ва омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва дигарон баргузор гардид.

Ғолибони озмуни мазкур ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) тариқи суҳбат, ба таври ройгон, бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

Вазорати фарҳанги мамлакат санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

Озмун тӯли чор сол аст, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад. Озмун ҳамчунин ба тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик равона гардидааст.

Ҳар номина дорои талаботи махсуси касбӣ буда, зимни иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг аз ҷониби аъзои ҳакамон ба инобат гирифта шуд.

Масъулони баргузории озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буданд. Ҳамчунин Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ба баргузории озмун мусоидат намуда, дар тарғиб, ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод ба озмун чораҷӯӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...