(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТМУ №16-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр машварати навбатии доимоамалкунандаи директорони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Муқим Болтуев, мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи он ошно сохт.

Сипас, директори МТМУ №16-и шаҳри Хуҷанд Фарҳод Ғанизода дар мавзуъи «Нақши фаъолияти маҳфилҳо дар тарбияи хонандагон» баромад намуд. Таъкид шуд, ки маҳфил - хамчун шакли таълими иловагии хонандагон ҳамеша дар мавқеи аввалиндараҷаи омӯзгорон мебошад. Ин кор на фақат ҳавасмандии иловагии хонандагон барои ба даст овардани малакаҳои гуногун мебошад, балки барои васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, ба даст овардани донишҳои нав ва пурсамар гузарондани вақти холигии онҳо ёрӣ мерасонад. Дар муассиса — маҳфилҳои илмӣ, амалӣ ва варзишӣ, ки бо мақсади васеъ ва амиқ гардонидани донишу маҳоратӣ хонандагон аз рӯи фанҳои гуногун, инкишоф додани шавқу ҳаваси онҳо ба илмомӯзӣ, инкишофи қобилияти эҷодии хонандагон мусоидат мекунанд, маҳорати кори мустақилона ва тадқиқотии онҳоро ташаккул медиҳанд. Бо ин мақсад дар муассисаи таълимӣ, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати донишазхудкунии хонандагон даҳ маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шудааст, ки дар он 10 нафар омӯзгорони эҷодкор дарс мегӯянд. Маҳфилҳо аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда, ҳафтае ду маротиба ба роҳ монда шудааст. Натиҷаҳо нишондод, ки иштирокчиёни маҳфил дар ҳамагуна озмуну олимпиадаҳо маҳорати худро нишондода ҷойҳои намоёнро ишғол намуда истодаанд. Тасдиқи ин гуфтаҳо танҳо соли хониши гузашта иштирокчиёни маҳфил дар олимпиадаи шаҳри 18 ҷои ифтихориро сазовор гашта аз онҳо 5 нафарашон ғолиби олимпиадаи ҷумуриявӣ гаштанд.Ҳамзамон дар маҳфил низ хонандагони сустхон ва диққатҷалбкунанда ҷалб гардида иштироки онҳо низ дар озмуни мусобиқаҳои варзиши назаррас мебошад. Маҳз бо иштироки чунин хонандагон соли таҳсили гузашта, дар мусобиқаи футбол дар миқёси шаҳр дар ҳамаи намуди синну сол ҷои 2-ро созовор гаштанд. Ҳамзамон иштироки фаъолонаи онҳо дар мусобиқаи волейбол, баскетбол ва озмуни техникони наврас назаррас буд. Лозим ба ёдоварист, ки дар муассисаи таълимӣ аз тарафи омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ Абдусаид Домуллоҷонов маҳфили “Футболбозони ҷавон” ташкил карда шуда, ҳамзамон бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиш маҳфили “Карате-до” ташкил карда шудааст.

Зикр шуд, ки яке аз мақсадҳои ҷалб намудани хонандагон ба маҳфилҳои гуногун ин тарбияи хуб гирифтан ва пас аз бо ягон шуғл банд будани хонанда мебошад. Зеро ҳар яки мо медонем, ки бисёр ҳолатҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғон аз ҳисоби беназоратӣ ва бекор мондани онҳо мебошад.

Омӯзгорон бояд савияи дониши хонандагонро дар маҳфилҳо аз рӯи китобҳои дарсӣ ва супоришҳо аз адабиётҳои иловагӣ муайян намуда, завқу шавқи онҳоро бо машғулиятҳои беруназсинфӣ бедор кардан мумкин аст. Омӯзгорони муассисаи таълимӣ барои хонандагон аз усулҳои гуногуни таълим васеъ истифода бурда, баҳри баланд бардоштан ва сайқал додани дониши хонандагон кӯшиши зиёд доранд. Бояд дар маврид гуфтан лозим аст, ки баъди ташкил намудани маҳфилҳои гуногун дар муассиса аз солҳои пештара шумораи хонандагони сустхон хеле кам мебошад.

Аз ин лиҳоз дар муассисаи таълими самти тарбияи хонандагон дар мадди аввал гузошта шуда, фаъолияти маҳфилҳо ҳамарӯза зери назорат буда, ҳамзамон барои боз ҳам хубтару беҳтар тарбия намудани хонандагон аз ҳисоби хонандагони синфҳои болои дар як моҳ як маротиба соати тарбиявии умуми мактабӣ дар толори муассиса гузаронида мешавад. Дар соати тарбиявии умумимактаби мавзӯъҳои эҳтироми волидайн, арҷгузоштан ба Ватан, дасти ёри расонидан ба мӯҳтоҷон ва ҳамзамон иззату эҳтироми омузгорро ба ҷо овардан, наворҳо намоиш дода мавриди муҳокима қарор дода мешавад.

Сипас, доир ба мавзуи матраҳшуда байни сарварони муассисаҳои таълимӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Саварони муассисаҳои таълимӣ ҳамзамон 6 дарсҳои хисоботӣ, ки ҳар як дарс 7-8 дақиқаро дар бар гирифта, дар умум 45 дақиқаро ташкил намуда бо хонандагони синфи 11А –и равияи табии математикӣ баргузор гардид, мушоҳида намуда, ба чунин тарзи машғулиятгузаронӣ баҳои баланд доданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...