18 Октябр 2022
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти даавлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси шаҳр Фирдаавс Шарифзода бо раисони маҳаллаҳо роҷеъ ба маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси шаҳр зимни мулоқот зикр намуд, ки аз якуми октябр дар мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона идома дошта, масъулини комиссияҳои даъватӣ ва мақомоти вобаста ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба муваффақияти назаррас ҷараён дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон эътибори махсус зоҳир менамояд ва мунтазам дар қисмҳои ҳарбӣ рӯзи дарҳои кушод мегузаронад. Дар доираи рӯзи дарҳои кушод ҷавонон ва волидони онҳо имкон доранд, ки бо шароити хизмат ва зиндагии аскарону афсарон аз наздик шинос шаванд.
Таъкид гардид, ки волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст.
Раисони маҳалларо зарур аст, ки дар байни қишри аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд, ба ҷавонон фааҳмонанд, ки аз хизмати ҳарбӣ наҳаросанд ва пайрави гузаштагони худ гардида, ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодӣ омода бошанд. Агар мо марзу буми хешро ҳимоя накунем, хеҷ нафари бегона ба ҷойи мо ин корро анҷом намебахшад.
Дар ҷараёни мулоқот мубодилаи афкор ҷиҳати саривақт ва сифатнок иҷро намудани нақши даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ сурат гирифт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд