17 Октябр 2022
Бо мақсади тақвияти корҳои тиҷорӣ ва фароҳам овардани шароити лозима ба соҳибкорон дар кўчаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд сохтмони маркази савдо ва хизматрасонии «Сирдарё» бомаром идома дорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҷараёни сохтмони ин иншоот аз наздик шиносоӣ намуд.
Иттилоъ додаа шуд, ки маркази савдо ва хизматрасонии «Сирдарё» бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Зафар Холиқов аз 7 ошёна бо таҳхона иборат буда, дар ошёнаи 1-ум тарабхонаи оилавӣ пешбинӣ гардида, дар ошёнаҳои боқимонда беш аз 35 утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ ва хадамоти техникӣ ва утоқҳои кории хизматӣ ҷойгир карда мешавад.
Иншооти мазкур аз ҷониби КВДК «Лоиҳакаш» тарҳрезӣ гардида, сохтмончиёни Идораи сохтмони №3 масъулияти пудратчигии онро доранд.
Баъди шиносоии пурра Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди чунин як маркази муосири савдою хизматрасонӣ, ки оянда боиси таъсиси даҳҳо ҷойи нави корӣ барои аҳолӣ мегардад, изҳори сипос намуда, барои равнақи корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди маркази савдо ва хизматрасонии «Сирдарё» дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд