30 Сентябр 2014
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд ахборот дода шуд,ки имсол мутаносиби фоизи нақшаи даъват нисбати даъвати баҳорона камтар буда, имкониятхои барои сари вақт иҷро намудани нақшаи даъват мавҷуд аст. Ҳамчунин аъзоёни комиссияи даъват пурра барои фаъолияти ҳамарӯза омода буда, онҳо қисмати аввали рӯз даъватшавандаҳоро аз муоина гузаронда, қисмати дуюми рӯз аъзоёни комиссияи даъват дар маҳаллаҳои шаҳр кори худро идома хоҳанд дод. Аз ҷониби масъулин рӯйхати фарзандони шахсони мансабдор,ки синни даъватӣ доранд тартиб дода шуда, дар сурати аз имтиёзҳо маҳрум будани онҳо дар мадди аввал ба сафи Артиши Миллӣ сафарбар карда мешаванд.
Барои фаъолияти самараноки комиссияи даъват бо Қарори Раиси шаҳр 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд раисони маҳаллаҳоро дастур дод,ки бо Прокуратура, Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва нозирони минтақавӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, аз ҳамагуна зуҳуроти ба таври зӯрӣ ҷалби даъвашавандаҳо ба хизмати ҳарбӣ худдорӣ намоянд. Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод,ки сафарбаркунии аввалин аз ҳисоби ихтиёриён санаи 2 октябр ба нақша гирифта шуда, ба ин муносибат чорабинии фарҳангии ботантана доир карда шавад.